Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ миёни наврасони 15-16-сола барои гиромидошти хотираи Манарбек Ихсанов, қаҳрамони бокси Қазоқистон, шаш медал (ду тило ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқаи наврасон аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо байни муштзанҳои панҷ кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон – рӯзҳои 20-23-юми феврал дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд.

Медалҳои тилоро аз дастаи Тоҷикистон Беҳрӯз Умаров ва Амир Нозимов гирифтанд. Беҳрӯз, ки дар вазни то 48 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуд, ба финал роҳ ёфт. Вай дар рақобати ниҳоӣ Роман Соловёвро аз Русия шикаст дод.

Амир дар вазни то 75 кило дар финал бар Мирхон Дукееви қазоқ пирӯз шуд.

Ба ғайр аз ду муштзани тоҷик, инчунин дар ҳашт вазн варзишгарони қазоқ - Айторе Каирбеков (44 кг), Бекхон Қодирбек (50 кг), Асилхон Газиз (52 кг), Жанарис Дуйсенбой (54 кг), Диас Сабит (60 кг), Куаниш Амонқул (70 кг), Еркебулан Алӣ (80 кг) ва Нурбек Сержанули (+80 кг) - ғолиб гаштанд. Дар чаҳор вазни дигар муштзанҳои қирғиз – Муслим Паншер (46 кг), Зубайр Акрамов (57 кг), Кутман Дуйшеналиев (63 кг) ва Абубакр Дуйшеев (66 кг) - ҷойҳои аввалро азони худ карданд.

Ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн бо медали тило, диплом, 100 ҳазор танга (19 доллари ИМА), iPhone-15 мукофотонида шуданд. Ба барандагони медалҳои нуқраю биринҷӣ мутаносибан ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 50 ҳазор ва 20 ҳазор танга, инчунин телефонҳои Samsung ва Redmi тақдим гардид.

XS
SM
MD
LG