Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганди "Виҷдони ҷомеа" дар порлумони Тоҷикистон


 Зариф Ализода
Зариф Ализода

Имрӯз, чоршанбе, 21-уми май Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони ин кишвар савганд ёд кард.

Ҷаноби Ализода, аз минбари Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон зимни ёд кардани савганд, гуфт, ки "ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя намуда, ӯҳдадориҳоеро, ки ба ман ҳамчун ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вогузор шудааснд, дар асоси Қонуни Асосӣ ва қонунҳои Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро мекунам."

Хабарнигори радиои Озодӣ дар порлумон иттилоъ медиҳад, ки пас аз ироаи савганд, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷаноби Ализода ин суолро пурсид, ки "Оё боварӣ доред, ки аз ҳамин лазҳа ба дифои ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандон омодаед?" Вай гуфт, ки "ман шуморо бовар мекунонам, ки аз тамоми восита ва малакаҳои худ барои ҳимояи ҳуқуқи иснон дар Тоҷикистон истифода мебарам ва барои мардум хизмат мекунам."

Ин ҳам дар ҳоле, ки Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 14-уми май бо пешниҳоди раисиҷумҳур Зариф Ализодаро барои 5 соли дигар омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъин кард. Аз пешниҳоди аксари вакилони парлумон пуштибонӣ карда ва танҳо ду нафар мухолифи дубора дар ин мансаб будани ҷаноби Ализода овоз дода буданд.

Омбудсмен, ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки онро умдатан "виҷдони ҷомеа" низ ном мебаранд, дар соли 2009 ба фаъолият оғоз кард. Зариф Алимзода нахустин омбудсмени кишвар аст, ки аз рӯзи таъсиси ин ниҳод онро идора кардааст ва акнун панҷ соли дигар садрнишини он хоҳад буд.

Зариф Ализода соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таваллуд шуда, ҳуқуқшинос ва соҳиби унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон мебошад. То солҳои 1990 дар кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст.

Фаъолияти Зариф Ализода дар порлумони Тоҷикистон нахуст дар солҳои 1990 то 1993 ба ҳайси мушовир – сармутахассиси Кумита оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Тоҷикистон шурӯъ шуда, баъдан як навбат вакили порлумон ҳам интихоб шуд ва дар симати раиси Кумитаи назорати конститутсионӣ кор кард.

Дар солҳои 1995-2000 муовини раиси Додгоҳи Қонуни асосии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ буд.

Соли 2000 дубора вакили парлумон интихоб ва раиси Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон шуд.

Ализода солҳои 2001-2003 дара симати сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон кор кард. Ҳамчунин солҳои 2003-2006 раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ ва солҳои 2006-2009 - мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ӯ дар ҳарду маҷлиси порлумон буд.

Аммо Зариф Ализода дар ҳоле дубора ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон даст ёфт, ки соҳибназарон нисбат ба давраи аввали панҷсолаи кори ӯ дар ин мақом назари чандон мусбате надоранд.

Абдукаюм Юсуфов муовини раҳбари «Колегияи адвокатҳои Сипар» дар Тоҷикистон мегӯяд, "умеде, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъсиси чунин як ниҳод дошт, барбод рафт. Омбудсмен дар Точикистон наметавонад, ҳатто санадеро бо ягон дархост ба макомоти судӣ пешниҳод кунад. Имрӯз чунин менамояд, ки ин ниҳод танҳо барои ҳисобот додан дар сатҳи байналхалқӣ фаъолият дорад ва бештар аз ин нақшеро дар ҷомеа иҷро намекунад."

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба фарқ аз ҳамтоёнаш дар кишварҳои дигар, Зариф Ализода дар посух ба шикоятҳое ки ба унвони дафтари ӯ мерасид, аз ҷумла дар масъалаҳои шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо, нақзи ҳуқуқи мардум аз сӯи мақомот ва амсоли ин бештар ҷониби мақомотро мегирифт, то корафтодаҳоро. Онҳо мегӯянд, мақоми омбудсмен дар Тоҷикистон дар замонаш бо талабу дархости созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ташкил шуда, ҳадаф доштани нафаре дар сатҳи баланди ҳукумат буд, ки арзи мардумро ба "боло" бирасонад, на инки ин ҳам дар канори додситониву додгоҳҳу чандин ниҳоди дигаре, ки низ вазифаи худро ҳимоят аз аҳли "боло" мебинанд, рост шавад. Ҳоло, мегӯянд мунтақидон, муҳимтарин чолиш барои Зариф Ализода ҳамин аст - бозбинии куллии моҳияти мақоме ки барои 5 соли дигар ба ӯ супурданд.
XS
SM
MD
LG