Ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр”, ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки ҷасади муҳоҷирони кории фавтидаро бепул аз Русия ба ватан меовард, тақрибан як моҳ боз аз парвоз мондааст. Ширкатҳои дигар барои интиқоли ҷасадҳо пул мегиранд.
Сергей Лавров Вазири умури хориҷаи Русия ҳафтаи аввали моҳи феврал ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”-ро аз мардум мехарад. Давлати Тоҷикистон соли 1996 бо нияти сармоягузории нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ноҳияи Данғара ҷамъияти саҳомӣ ташкил дод ва саҳмияҳои онро ба мардум фурӯхта буд.
Ба зудӣ милисаҳо дар Тоҷикистон бо либоси нав дар маҳзари ом зоҳир мешаванд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ним сол қабл барои интихоби шакли нави либоси кормандонаш миёни тарроҳон ва ширкатҳои либосдӯзӣ озмун эълон кардааст.
Муаллим, устоди донишгоҳ, духтур, заминсоз, раиси ҷамоат ва ё корманди комиссарияти ҳарбӣ -- дар тури кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бештар кормандони ҳамин касбу корҳо меафтанд.
Беш аз нисфи маҷлиси имсолаи ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии мушкили иқтисодии кишвар равона шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи рӯзи 21-уми январро роҳбарӣ мекард, дар аксу гузоришҳои расмӣ бештар бо табъи хираву нороҳат ба назар мерасид.
Дар Тоҷикистон ҳамакнун аз ҳаводорони мусобиқаҳои бузкашӣ талаб мешавад, ки қабл аз ташкили ҳар як сабқат аз идораи варзиши шаҳр ва ё ноҳия иҷозатнома бигиранд.
Cозмонҳои байналмилалии молӣ, ки Тоҷикистон онҳоро шарикони рушд меномад, кумакҳои молиро барои буҷаи кишвар қатъ кардаанд.
Ин навори кӯтоҳ сахтиву мушкилоти оилаҳо ва кӯдаконеро бармало мекунад, ки бе ҳузури падарони муҳоҷирашон бузург мешаванд.
Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки ҳарчи зуд нархи гуфтугӯҳо тавассути NGN-ро боло баранд, вагарна худаш бо Хадамоти алоқа даст ба кор хоҳад шуд.
Шӯрои уламо – ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон – ба истифодаи ҳаб ё доруҳои шаҳватбарангез иҷозат дод.
Кишоварзон дар вилояти Суғд аз нархи ниҳоят арзони пиёз шикоят доранд. Ҳарчанд ҳосили ин зироат ин сол фаровон шуд, аммо бинобар уфти нархи он дар бозорҳои дохил, деҳқонон мегӯянд, аз ҳосили дастранҷашон ба ҷои фоида зарар мебинанд.
Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ирсоли нома аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба ин кишвар парвозҳо анҷом медиҳанд, хостааст, ки барои мусофиронашон аз Тоҷикистон хӯрок харидорӣ кунанд.
Нархи хадамоти танфурӯшон дар Тоҷикистон ҳудуди 25-30 дарсад арзон шудааст.
Ширкату корхонаҳо, аз ҷумла ширкатҳои офшор дар Тоҷикистон ӯҳдадор шуданд, ки моликон ва ё манфиатбардорони худро ошкор кунанд.
Ҷавононе, ки аз таҳсил дар мактабҳои динии хориҷ бо даъвати мақомоти Тоҷикистон бозгашта буданд, муваззаф шуданд, ки ҳадди ақал дар 6 моҳ як маротиба ба идораи милисаи маҳалли зисташон ҳозир шаванд.
Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ аз таҷҳизоти мухобиротии ZTE ва Huawei ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Чин даст мекашанд. Аммо, ба назар мерасад, Тоҷикистон баръакс ба фанновариҳои мухобиротии ин ду ширкати азими Чин оғӯш кушодааст.
Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” гуфт, то анҷоми мавсими тирамоҳу зимистон, ки маъмулан то моҳи март идома мекунад, парвозҳояшро ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” иҷро хоҳад кард.
Бо оғози сол бархе хадамот ва иҷозатномаҳои давлатӣ барои соҳибони мошинҳои шахсӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи бимаи ҳатмии мошин ва иҷозаи сиёҳ кардани оинаҳои мошин иваз шуд.
Соли 2018 барои иқтисоди Тоҷикистон бо чанд тағйироти кадрӣ дар идораҳои калидии блоки иқтисодии ҳукумат оғоз шуд. Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Абдусалом Қурбониён, ду чеҳраи бовазни тими президент Раҳмон, дар оғози ин сол аз мансаб монданд.
Ёфтҳои бештар