Нозирони андоз дар Душанбе маъракаи тафтиши санади устоҳои таъмири хонаро ба роҳ мондаанд. Нозирон асосан ба биноҳои навбунёд сар мезананд, ки аксари устоҳо маъмулан дар онҷо машғули таъмиранд.
Тоҷикистон хостори баррасии тарҳи нави Сандуқи Байналмилалии Пул шудааст. СБП аз соли 2008-ум, пас аз моҷарои ошкоршавии хилофкорӣ дар сарфи маблағҳояш, тамоми барномаҳои қарзии боимтиёз ва кумакҳои молиявиашро ба Тоҷикистон қатъ кард.
Аз ин ба баъд дорухонаҳои Тоҷикистон ҳангоми фурӯши баъзе аз доруҳои тақвиятдиҳандаи нирӯи мардӣ тавсияи пизишкро талаб мекунанд.
Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул баъди арзёбии вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисоди Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукуматро мебояд, барои барқарор кардани боварӣ ба бонкҳои "бемор"-и кишвар чораҳои бештар биандешад.
Тоҷикистон нархи пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти ҷавоҳирот, ба вижа маҳсулоти заргарии аз тиллову нуқра таҳияшудаи хориҷиро барои ҳамешагӣ поин бурд.
Додситонии вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки нориҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба хунукназарӣ айбдор кард.
Тоҷикистон барои муайян кардани омилҳои нест ва биёбоншавии чарогоҳҳо донишмандони Чинро даъват кардааст.
Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ -- МАГАТЕ барои табобати беморони саратон дар Тоҷикистон дастгоҳи радиотерапия тақдим кардааст. Ин дастгоҳ тавассути нурҳои ҳастаӣ беморони гирифтори саратонро табобат мекунад.
Аксарияти бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аз интиқоли пул тавассути низоми “Юнистрим” (Unistream) даст кашидаанд.
Дар Тоҷикистон нахустин ниёишгоҳ - ибодатгоҳи пайравони оини Зардуштро барқарор мекунанд. Ин ибодатгоҳ бо номи қалъаи Муғ маъруф аст ва дар канораи шарқии шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд қарор дорад.
Як пажуҳиш дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки 97 дарсади хоҷатхонаҳо дар деҳоти кишвар хавфнок ҳастанд.
Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз пайи ҷустуҷӯ ва таҳрири рутбаҳои ҳарбии низомиёни тоҷик шудааст.
Мақомоти умури дин дар Тоҷикистон имому имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои ҳатмии як намоиш ба театр ҷалб мекунанд. Бо дастури Кумитаи дини Тоҷикистон, руҳониён муаззаф шудаанд, ки намоиши “Обу оташ”-ро бубинанд.
Додгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрико, Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба қатли профессори яке аз донишгоҳҳои Ню-Йорк айбдор мешавад, то як моҳи оянда ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.
Вазорати илму маорифи Тоҷикистон як хонандаи литсейи "Ҳотам ПВ"-ро, ки рӯзи 13-уми май дар маросими тақдими ҷоизаҳои Олимпиада аз фанни математика ҳозир нашуд, аз ширкат дар Олимпидаҳои минбаъда маҳрум мекунад.
Пулиси шаҳри Ню-Йорки Амрико Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро ба куштори бераҳмонаи профессори 66 сола боздошт кард. Ҷасади профессор Ҷереми Сафран, устоди равоншиносӣ дар Донишгоҳи “The New School” шоми 8-уми май дар хонааш дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк пайдо гардид.
Дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия мешавад, ки сабти рақами IMEI ҳама гуна телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои алоқаи барқиро дар назар дорад.
Як ширкати байналмилалӣ бо ҳавопаймоҳои тамғаи “Сessna”-и амрикоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғи Тоҷикистон парвоз анҷом доданист.
Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои чаҳор нафари муттаҳам дар қатли соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоева аз Додгоҳи олӣ ҳабси абад талаб кард.
Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба раҳбарияти муваққати "Тоҷпромбонк" дастур додааст, ки пулҳоро аз қарздорони бузурги бонк рӯёнда, нахуст амонати мардумро баргардонанд.
Ёфтҳои бештар