Дар ҷумҳурии халқии Чин – ҳамсояи бузурги Тоҷикистон – анҷумани 19-уми Ҳизби коммунист идома дорад, ки зимоми қудрат дар ин кишвра дар дасташ ҳаст. Дар ин анҷуман самти сиёсати Чин барои панҷ соли дигар таъйин хоҳад шуд.
Ҳамакнун барои қайди расмии сарпаноҳ дар Тоҷикистон танҳо доштани як санад кифоят хоҳад кард. Дар иҷлосияи рӯзи 18-уми октябр вакилони тоҷик аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки қарор аст ташвиш ва давутози сокинонро барои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои манзил, осонтар кунад.
Дар миёни садҳо мошини дармонда дар як гузаргоҳи марзии Қирғизистону Қазоқистон се мошини боркаши шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд. Онҳо мегӯянд, ду рӯз аст, ки дар марз дармондаанд ва наметавонанд бо бори худ ба хоки Қазоқистон ворид шаванд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) эълон кард, ки дар ихтисори кормандони “Агроинвестбонк” даст надорад. Масъулони ин бонк гуфтанд, тасмими аз кор рондани бахше аз кормандони «Агроинвестбонк»-ро саҳомони бузургаш гирифтаанд.
Агар шумо ҳар моҳ аз фарзанд, шавҳар ва ё пайванди дигаратон аз хориҷа пул дарёфт кунед, дари бонкҳои Тоҷикистон ҳам барои қарзгирӣ ба рӯи шумо боз мешаванд.
Сандуқи Байналмилалии Пул (International Monetary Fund) мегӯяд, ки ҳамкории Узбакистон бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти душвори минтақа ниҳоят муҳим аст.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, гуфтааст, ки нархи хидматрасони тӯйхонаҳо, кирояи либоси арӯс ва хидматрасонии наворбардорону сарояндагон ниҳоят гарон аст бояд танзим карда шавад.
Вакилони Думаи давлатии Русия тағйиротеро ба қонуни шаҳрвандии он кишвар пешниҳод доранд, ки он гирифтани шаҳрвандӣ ба муҳоҷироне, ки маошашонро на ба ватан, балки дар Русия харҷ мекунанд, осон мекунад.
Дар Тоҷикистон шумори кӯдаконе, ки дар оилаҳои расман сабти номнашуда ба дунё омадаанд, бештар шудааст.
Девори гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон бо Узбакистон дар ноҳияи Панҷакент барчида шуд ва дар назди гузаргоҳи “Ҷартеппа”, ки 7 сол боз баста буд, сохтмони терминали нави гумрукӣ дар ҳоли анҷомёбист.
Сармоядорону соҳибкорон ва нозирони умури бизнес мегӯянд, ки агар Тоҷикистон муносибатро ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ беҳтар накунад, бизнес дар кишвар натанҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар фирор мекунанд.
Тоҷикистон шаробкашӣ ва майпазиро барои шаҳрвандон иҷоза дод. Аммо шаҳрвандон ҳақ надоранд, онро ба фурӯш гузоранд, балки бояд танҳо барои худ масраф кунанд.
Рӯзи 2-юми октябр бо ризояти вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон муҷозоти саркашӣ аз пардохти алимент ба фарзандони ноболиғ ваё волидони пиронсол аз 5 соли қаблӣ то ба 7 сол шадидтар шуд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба бахши тоҷикии сомонаи "Wikipedia” ҳушдор додааст, ки хатоҳои имлоии матолибашро ислоҳ кунад.
Донишгоҳи иқтисод ва молия ҳамкнун умедвор аст, онҳое, ки дар Амрико таҳсил кардаанд, ба дарсгӯӣ дар ин донишгоҳ ҳозир мешаванд.
Бонки Ҷаҳонӣ пас аз як таҳлил ва арзёбии вазъи авиатсияи Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар машварат додааст, ки ширкати ҳавопаймоии давлатиро хусусӣ карда, бозори авиатсияро ба пуррагӣ ба рӯи ширкатҳои байналмилалӣ боз намояд.
Ба як курсии таҳсил дар мактаб ё синфҳои русӣ дар Тоҷикистон 10 довталаб будааст. Намояндагони ақаллияти русзабон дар Тоҷикистон мегӯянд, талабот барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ба ҳадде зиёд аст, ки фарзандони русзабонҳо ҷой намеёбанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи буҷети кишварро барои соли ояндаи 2018 таҳия кардааст, ки бахши умдаи хароҷоташ ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф хоҳад шуд.
Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гирдиҳамоиҳои рӯзи 20-уми сентябр дар назди маркази савдои “Москва” дар ноҳияи Люблино ширкат доштанд аз Русия ихроҷ мешаванд.
Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раиси ҷумҳури Русия аз вазири корҳои дохилии он кишвар Владимир Колоколтсев дархост кардааст, ки таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикиров ва боздошти даҳҳо муҳоҷири дигарро шахсан зери назорат бигирад.
Ёфтҳои бештар