Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На сохтмони театр ва на қасри фарҳанг. Сабади буҷети 2018-и Тоҷикистон чӣ дорад?


Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи буҷети кишварро барои соли ояндаи 2018 таҳия кардааст, ки бахши умдааш ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф хоҳад шуд. Аммо дар ин тарҳи буҷет сармоягузории сохтмони дувумдараҷаи маишӣ, ба мисли театру қасрҳои фарҳанг ва таъмири биноҳои маъмурӣ ҳазф гардидааст. Сохтмон ин гуна иншоотро "то фаро расидани фурсати муносиб" ба таъхир гузоштаанд. ​

Бештар бихонед: Зеботарин, баландтарин ва... бузургтаринҳои Тоҷикистон

Бо онки баррасӣ ва қабули қонуни буҷет дар кишварҳои хориҷӣ рӯзу ҳафтаҳо тӯл кашида, боис ба баҳси тӯлонии вакилон бо мансабдорон мешавад, маъмулан дар Тоҷикистон қабули он бидуни баҳсу радду бадалҳои ҷиддӣ дар давоми 1,5 - 2 соат сурат мегирад.

Дар раёсати буҷети Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи буҷет бо ҳамаи вазорати идораҳо мувофиқа шуда, дар сурати ризояти ҳукумат моҳи ноябр ба порлумон фиристода хоҳад шуд. Як мусоҳиби мо дар ин раёсат рӯзи 26-уми сентябр гуфт, "ҳар сол то 20-уми сентябр тарҳи омодашудаи буҷетро ба унвонии ҳукумат барои мувофиқа мефиристодем. Имсол қабл аз муҳлат тарҳи буҷетро омода карда, пешниҳоди ҳукумат намудем."

Тақрибан 8% бештар аз даромади буҷети имсола

Бино ба тарҳи пешниҳодӣ, даромади буҷети соли 2018-и Тоҷикистон 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ хоҳад буд. Даромади буҷети имсола тибқи нақша 19,5 миллиард сомонӣ аст.

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Аммо хароҷоти буҷети соли оянда хеле бештар аз даромадҳо, яъне 20 миллиарду 977 миллион сомонӣ аст. Масъулони таҳияи буҷети Тоҷикистон мегӯянд, каср ё камомади буҷет дар соли оянда 334 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад. Ин мизони камомад ҳам дар сурате аст, ки даромадҳои ба нақша гирифта шуда сари вақт ба буҷет ворид шаванд.

Муаллифони тарҳи буҷети Тоҷикистон барои соли 2018 пешбинӣ кардаанд, ки таваррум (инфлятсия) дар соли оянда 7 дарсад ва рушди иқтисоди кишвар низ 7 фисад хоҳад буд.

Камомади буҷет аз кадом ҳисоб пур хоҳад шуд?

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки камомади даромадҳои буҷетро аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ ва қарзу грантҳои созмонҳои байналмилалӣ пур хоҳанд кард. Тоҷикистон ҳар сол ба грант ва қарзҳои созмонҳои байналмилалӣ умедвор мешавад, ки аз 5 то 10 дарсади даромадҳои буҷеташро пур мекунанд. Ниёзҳои буҷет ба ин кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ пас аз соли 2014, ки пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба якборагӣ аз хориҷа кам шуд, бештар гардид.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат. Акс аз бойгонӣ
Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон имсол барои пур кардани буҷеташ аз Бонки авроосиёии рушд 20 миллион доллар ва аз Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллар пул дарёфт кард. Бо вуҷуди кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ, камомад ва касри буҷет дар соли ҷорӣ ба 316 миллион сомонӣ, муодили 36 миллион доллар, мерасад.

Камбуди пули буҷети Тоҷикистон натанҳо мояи нигаронӣ дар дохили кишвар, балки сармоягузорони берун аз Тоҷикистон низ ҳаст. Аз ҷумла, Тоҷикистон чӣ гуна каср ё камомади буҷеташро пур мекунад, аз саволи аслии харидорони вомбаргҳои давлатӣ дар Лондон дар аввали моҳи сентябр буд.

Нақшаи даромадҳои буҷети имсолаи Тоҷикистон асосан ба хотири кам шудани пардохтҳои гумрукӣ иҷро нашуд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нишасти охири хабариаш гуфт, ки таҳти таъсири буҳрони иқтисодӣ гардиши савдо дар ҷумҳурӣ кам шуд ва дар натиҷа ба буҷети кишвар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 191 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Даромади буҷет 7,5% бештар мешавад, аммо аз кадом ҳисоб?

Иқтисоддонҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ба якборагӣ 7,5 дарсад боло бурдани нақшаи даромадҳои буҷет дар пасманзари коҳиш ёфтани мизони пули интиқолии муҳоҷирони корӣ барои андозсупорандагон сарбории гарон хоҳад буд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳилгари масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон, гуфт, “айни ҳол дар кишвари мо заминаҳое барои рушди иқтисод дида намешавад. Ин як буҷети маъмурӣ - фармоишӣ аст, ки тавассути фишори бахши хусусӣ ва ва фиребкории оморӣ ба даст меояд.»

Буҷети Тоҷикисистон барои соли оянда дар миёнаҳои моҳи ноябр ба баррасии вакилони Маҷлиси Намояндагон пешкаш мешавад. Бо онки баррасӣ ва қабули қонуни буҷет дар кишварҳои хориҷӣ рӯзу ҳафтаҳо тӯл кашида, боис ба баҳси тӯлонии вакилон бо мансабдорон мешавад, маъмулан дар Тоҷикистон қабули он бидуни баҳсу радду бадалҳои ҷиддӣ дар давоми 1,5 - 2 соат сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG