Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёӣ: “Кумаки мо ба буҷети Тоҷикистон қатъ нашудааст”


Бонки Осиёии Рушд гуфт, гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди гӯё даст кашиданаш аз ироаи маблағ ба буҷети Тоҷикистон саҳеҳ нест. Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе эълон кард, ки моҳи феврали имсол дар доираи даври дувуми Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ба ҷониби Тоҷикистон 50 миллион доллар додааст.

То ҷое медонам, ҳеҷ созмони байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки Осиёи Рушд бидуни шарт ва талаби ислоҳот ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Формулаи кумаки онҳо асосан “аввал ислоҳот, баъд маблағ аст.
Баҳриддин Каримов, коршинос

Татяна Евстифеева, сухангӯи Бонки Осиёии Рушд, рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шояд дар Бонки Ҷаҳонӣ намедонистанд, аммо мо ҳеҷ гуна барномаамонро нисбат ба Тоҷикистон қатъ накардаем”.

Қабл аз ин изҳорот, Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузоришаш гуфта буд, ки “сатҳи поёни риояи талабот дастрасии буҷетро (манзур Тоҷикистон) ба кумакҳои созмонҳои байналмилалии молӣ маҳдуд кард”. Дар шарҳи ин тасмим Бонки Ҷаҳонӣ ба шакли хеле нарму дипломатӣ навишт, “фурсати андешидани чораҳои сиёсӣ” аз даст рафт ва масъалаҳои бахши молия “ҳалли муносибе пайдо накарданд”.

Аз ин рӯ, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузоришаш гуфта буд, Тоҷикистон ба ҷуз аз 20 миллион доллари Бонки Авроосиёии Рушд аз ягон созмони байналмилалӣ кумаки молӣ дарёфт накард. Як ҳамсӯҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфта буд, Тоҷикистон ба хотири риоя накардани шарти созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз 200 миллион доллар қарзу гранти созмонҳои байналмилалӣ маҳрум монд.

Баҳриддин Каримов, иқтисоддони тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инки Бонки Осиёии Рушд барномаи кумак ба Тоҷикистонро қатъ накардааст, ба маъное нест, ки ин бонк бидуни кадом шарте пул медиҳад. Ӯ гуфт, “то ҷое медонам, ҳеҷ созмони байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки Осиёи Рушд бидуни шарт ва талаби ислоҳот ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Формулаи кумаки онҳо асосан “аввал ислоҳот, баъд маблағ аст”. Онҳо аввал мехоҳанд натиҷаи ислоҳотро бубинанд, баъд пул ҷудо мекунанд”.

Си Си ю, мудири пешини Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон
Си Си ю, мудири пешини Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон

Зимнан, дар ҳуҷҷате, ки миёни Си Си Ю, роҳбари собиқи намояндагии БОР дар Душанбе ва Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврали имсол имзо шудааст, дида мешавад, ин бонк бар ивази 50 миллион доллар аз Тоҷикистон иҷрои 13 шартро талаб кардааст.

Кам кардани ниҳодҳои санҷишӣ, поин бурдани сарбории андоз, хотима додан ба таҷрибаи пешакӣ ситонидани андоз ва ба таври электронӣ қабул кардани на кам аз 30 ҳазор андозсупорандагон як бахши аз талабҳои ин бонк аст. Ташкили як сомонаи ройгон ва ба ҳамагон дастрасе, ки дар он ҳамаи қонуну зерқонунҳо ва лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо нашр шаванд, яке дигар аз 13 талаби БОР буд.

Дар ниҳояти шартҳояш Бонки Осиёии Рушд аз ҳукумат хостааст, ҳар сол ба на камтар аз 80 зани соҳибкор грант ҷудо кунад. Дар ин санад гуфта мешавад, ҳукумат дар соли гузашта ин шартро иҷро карда, ба соҳибкорзанон 2 миллион сомонӣ грант ихтисос додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ангезаи бисёре аз ислоҳот ва ё реформаҳоеро, ки рӯи даст мегирад, ошкор намекунад. Аммо ин санад нишон медиҳад, ки бисёре аз иқдоми ҳукумат дар як соли охир, аз ҷумла манъи пешакӣ ситонидани андоз, кам кардани шумораи идораҳои санҷишӣ, боло бурдани нархи барқ барои пойгоҳҳои обкашонӣ, ҷудо кардани грант ба соҳибкорзанон аз талабҳои БОР сарчашма мегирифтаанд.

XS
SM
MD
LG