Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 280 млн $ қарзу грант медиҳад


Бонки Осиёии Рушд (БОР) қасд дорад дар солҳои 2018-2020 ба Тоҷикистон ба миқдори 280 миллион доллар маблағ ҷудо кунад. Ба гуфтаи дафтари намояндагии БОР дар Тоҷикистон, 45 дарсади ин маблағро кӯмаки молӣ ё грант, ташкил хоҳад дод.

Татяна Естефева, сухангӯи дафтари намояндагии БОР дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ин тасмим аз ҷониби Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Рушд тасвиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин барномаи сесолаи молӣ иҷрои тарҳҳои энержӣ, марҳилаи дуюми бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, тавсеъаи инфрасохтори шаҳрӣ, тандурустӣ ва беҳбуди системи таълими касбиро дар бар хоҳад гирифт.

Ҳамзамон, Бонки Осиёии Рушд шурӯи ин барномаро ба иҷрои 13 шарт аз ҷониби давлати Тоҷикистон, аз ҷумла, коҳиши хароҷот барои пешбурди соҳибкорӣ, тақвияти ҳимоят аз соҳибкорию рушди навовариҳо ва маҳсулнокии соҳибкорӣ рабт додааст. Зимнан, дар моҳи декабри соли гузашта БОР тарҳи беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро, ки ҳазинааш 50 миллион доллар буд, тасвиб карда буд.

Дар ҳоле БОР аз тасмими тахсиси 280 миллион доллар қарзу кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон хабар додааст, ки дар моҳи гузашта ниҳодҳои мӯътабари байналмилалии молӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо аз ироаи кӯмак ба будҷаи давлати Тоҷикистон даст кашидаанд. Ин созмонҳо омода буданд, ки ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз ва грант диҳанд, аммо кишвар ислоҳоти пешниҳодкардаи онҳоро қабул накардааст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки рӯзи 20-уми июли имсол нашр гардид.

Гуфта мешавад, ихтилофи назар миёни ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ бар сари “реструктуризатсияи” бонкҳо сар задааст. Созмонҳои байналмилалӣ мехостанд, ки давлат мудирият ва ё менеҷменти кунунии бонкҳои дучори мушкилшударо (манзур “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”) аз умури идораи ин бонкҳо комилан дур карда, барномаи дарозмуддати тағйири сохтори бонкҳоро рӯи даст бигирад. Аммо давлати Тоҷикистон ин шартҳои созмонҳои байналмилалиро қабул накард ва бинобар ин, созмонҳо низ аз пешниҳоди кӯмак ба Тоҷикистон даст кашиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон шартҳои созмонҳои байналмилалиро напазируфт ва роҳи дигарро интихоб кард. Дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли 2016, бо нашри вомбаргҳои давлатӣ барои наҷоти ду бонки бузург - "Тоҷиксодиротбонк" 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маблағҷудо кард.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки музокироташ бо Сандуқи Байналмилалии Пул ба хотири дубора аз сар гирифтани Барномаи васеи қарзӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта гуфт, умедвор аст то охири сол барномаи нави қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул барои Тоҷикистон дубора оғоз шавад.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 шурӯъ шуда ва дар ин муддат ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 1,5 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, кӯмакҳои билоивази молӣ ва техникӣ ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG