Ширкати “Нахуст лизинг”, яке аз аввалин ширкатҳои лизингӣ дар бозори молияи Тоҷикистон, се ҳавопаймои тамғаи "Боинг"-ро, ки ба ширкати “ТоҷикЭйр” ба иҷора дода буд, бозпас гирифт.
Ба дунболи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар Сочӣ ва интиқоли чархболҳои низомии Русия ба пойгоҳи Айнӣ дар Тоҷикистон, матбуоти Русия эҳтимоли кушода шудани “фронти сеюм”-и Русияро дар самти Афғонистон матраҳ кард.
Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ин иқдом дар пайи коҳиш ёфтани мизони оби маҷрои дарёи Вахш, ки дар он аксари нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бунёд шудаанд, гирифта шудааст.
Сокинони канори рӯдхонаҳо худро хушбахт медонанд, ки дар лаби оби равон ба сар мебаранд. Аммо онҳо намедонанд, ки то расидан ба хонаи онҳо рӯдхона аз куҷоҳо мегузарад.
Пажӯҳишгарони NASA мегӯянд, ки дар сайёраи Миррих нишонаҳои обро ошкор кардаанд. Мавҷудияти об дар ин сайёра заминаи мавҷудияти ҳаётро бештар мекунад.
Идораи бойгонии ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон хостааст, то ҳамаи бойгонии асноди ҳизбро ба ихтиёри ин ниҳоди давлатӣ супорад.
Муҷозоти ҷодугарӣ дар Тоҷикистон шадидтар мешавад ва сеҳргарон барои машғулияти мамнуъ то ҳафт сол ҳукми зиндон мегиранд.
Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Тоҷикистон ба унвони шарики стратегӣ метавонад ба кӯмак ва мусоидати Маскав умед бандад.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо ишора ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон гуфт, ки он бе дахолати хориҷӣ сурат нагирифтааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, генерал Абдуҳалим Назарзода−собиқ муовини вазири мудофиа дар муҳосира қарор дорад, аммо макони аниқи будубоши ӯ то ба ҳол муайян нашудааст.
Дар ҳоле, ки амалиёти низомии мақомоти қудратӣ барои боздошт кардани гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода идома дорад, Вазорати корҳои дохилӣ аз кори дружиначиёни ихтиёрӣ ва як гурӯҳи вижаи таблиғгарон қадрдонӣ кард.
Дар бораи фирори генерал Абдуҳалим Назарзода чандин фарзия матраҳ мешавад: аз талоши пешгирии боздошти эҳтимолӣ, то кӯшиши таббадулоти давлатӣ.
Тоҷикистону Чин як созишномаи наверо ба имзо расонданд, ки бар асоси он тоҷирони тоҷик имкон доранд, мустақим пули миллии сомониро бо юан иваз карда, аз Чин молу маҳсулот ворид намоянд.
Мақомот дар назди ҷамоати Чоркӯҳ як гурӯҳи мусиқӣ таъсис доданд, ки аз ин ба баъд дар тӯю маъракаҳои шоди мардуми ин мавзеъ даъват мешавад.
Ширкати консалтингии Skytrax аст Tajik air−ро ба қатори 23 ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон шомил кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон ба имзои созишномаи мавсум ба "своп" бо Бонки мардумии Чин омодагӣ мебинад.
Тайи ду ҳафтаи охир дар расонаҳои давлатӣ як зумра матлабҳо ба нашр расидаанд, ки мазмунашон тақрибан як аст: "Ҳизби коммунисти Тоҷикистон обрӯву эътиборашро аз даст додааст".
Тайи ҳафтаи гузашта қурби доллар нисбат ба сомонӣ бори дигар ҷаҳид ва қимати 100 доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмӣ ба 681-683 сомонӣ баробар шуд.
Иҷрои қарори боло бурдани маоши кормандони сохторҳои буҷавӣ, ки ҳар сол дар моҳи сентябр сурат мегирад, то ду моҳи дигар ба таъхир афтод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ хостааст, ки дар замони бӯҳрони молӣ пули буҷаро сарфакорона харҷ карда, аз ҷумла аз мошинҳои хидматӣ камтар истифода кунанд.
Ёфтҳои бештар