“Чаро қурби доллар боло меравад?” Дар Тоҷикистон ин шабу рӯз ин суолро аз забони бисёриҳо метавон шунид. Чунки тайи ҳафтаи равон қурби доллар нисбат ба сомонӣ бори дигар ҷаҳид ва қимати 100 доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмӣ ба 681-683 сомонӣ расид.
Ҳарчанд қурби асъор дар тоблуҳои нуқтаҳои саррофӣ ҳанӯз қурби 652-654-ро нишон медиҳанд, аммо дар асл бо ин қимат доллар додуситад намешавад. Бозори арзи Тоҷикистон, ки яке аз бозорҳои озоду боз дар минтақа буд, ҳоло ба куллӣ ранги дигар гирифтааст. Ҳамакнун дар нуқтаҳои саррофӣ вақте Шумо нархи воқеии долларро мепурсед, дар посух мепурсанд, ки дар куҷо кор мекунед? Саррофон дар ҳаросанд, ки мабодо ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ наафтанд ва аз ин рӯ мекӯшанд, танҳо ба одамони шинос ва қобили эътимод доллар бифурӯшанд ва ё аз онҳо доллар бихаранд.
Анвар Камолов, иқттисоддони тоҷик, ки рӯзи 29 август бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар шароити номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳон ва уфти қимати саҳҳом дар бозорҳои бурс танзими маъмурии бозори арзи Тоҷикистон ногузир аст. Зеро ба гуфтаи ӯ “агар ҳоло назорат аз болои
бозори арз комилан бардошта шавад, мардум ба таҳлука меафтад”. Камолов мегӯяд, дар ҳоле ки пешниҳоди доллар дар бозор воқеан кам ва иқтисоди кившар аз воридот сахт вобаста аст, танзими маъмурии асъори хориҷӣ зарур аст.
Дар ҳамин росто, Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сокинони кишвар даъват кард, ки ба “таҳлука наафтанд”, зеро бозори арзи кишвар “ба пули миллию асъори хориҷӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад”.
Тибқи иттилои охирини Бонки миллӣ қурби доллар дар рӯзи охири ҳафта дар пасманзари як дараҷа устувор шудани қурби рубли русӣ каме поин рафт. Ба гуфтаи Бонки миллӣ, боло рафтани қурби 1000 рубл аз 94 то ба 103 сомонӣ пеши роҳи ҷаҳиши долларро гирифт. Ҳамкнун ба иттилои Бонки миллӣ як доллари амрикоӣ то ба сатҳи 6 сомониву 73-75 дирам поин фаромад.
Коршиносон мегӯянд, пешгӯӣ кардани қурби минбаъдаи ҷуфти сомонӣ ва доллар дар шароити ноустувори иқтисодӣ маҳол аст. Ҳеч яке аз иқтисоддонҳо ба суоли “Озодӣ”, ки “қурби ниҳоии доллар дар ояндаи наздик чанд хоҳад буд?” посухи аниқ надоданд.
Анвар Камолов мегӯяд, вазъи бозори арзи Тоҷикистон беш аз ҳама ба қурби рубли русӣ ва вазъи иқтисоди Русия бастагӣ дорад ва онҳое, ки болову поин рафтани қурби доллар барояшон сахт аҳамият дорад, бояд ба қурби ҷуфти рублу доллар таваҷҷуҳ кунанд.
Ин иқтисоддони тоҷик афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло ба ҷуз аз идораи маъмурии бозори арз чорае надорад, зеро захираи асъорӣ ниҳоят маҳдуд аст. Ба таъкиди ӯ, захираҳои Бонки миллӣ ҳамагӣ 400 миллион доллар аст, аммо аз ин танҳо 15 дарсад (ҳудуди 80 миллион доллар) дар шакли доллар ва боқимондааш захираҳои тиллову асъорҳои дигар аст. Барои мисол, захираҳои асъории Қирғизистон, ки иқтисодаш аз бисёр ҷиҳат ба Тоҷикистон монанд аст, 1 миллиарду 400 миллион доллар аст.
Баҳром Шарифов, таҳлилгари масоили молия мегӯяд, гароншавии қурби доллар паҳлӯи мусбат низ дорад. Ӯ мегӯяд, бо боло рафтани қурби доллар воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар гарон меафтад ва ин шароити хубро барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ба вуҷуд меорад.
Иттифоқан се рӯз қабл Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон зимни як ҷаласаи корӣ бо вазирону аъзои дигари ҳукумат, дастур дод, ки як комиссияи махсуси доимоамалкунанда таъсис дода шавад. Ин комиссия ба таъкиди Расулзода бояд ба рушди истеҳсолот дар дохили кившар кумак кунад ва талош варзад, ки ҳар чӣ бештар маҳсулоти дохилӣ ҷойи колоҳои хориҷиро дар бозори дохилӣ пур кунанд.