Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ аз сокинон хост, ба таҳлука наафтанд


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон 28 август бо пахши гузориши махсус дар иртибот ба вазъи асъори хориҷӣ ва поин шудани қурби пули миллии сомонӣ сокинони кишварро ба оромӣ даъват кард. Ин бонк аз сокинон хост, ки таҳти таъсири “гузоришҳои бе таҳлил ва ҳангомасоз” намонанд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки “дар ду ҳафтаи охир пастубаландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба назар расид. Бонки мардумии Чин дар пасманзари заъфи рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба доллар беш аз 3 дарсад паст кард ва ин дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар тамоми бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.”

Дар давоми ду ҳафтаи охир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тангаи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд. “Беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1 фоизро ташкил дод,” – омадааст дар гузориши Бонки Миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти беҳбудии ду рӯзи ахир дар бозори асъори ҷаҳонӣ мегӯяд, “баъди каме қомат рост кардани қурби асъори хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон ҳоло устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад”.

XS
SM
MD
LG