Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.
Масъулони ширкати “East Air” мегӯянд, ширкатҳои рақиб "East Air”-ро барои нархи арзони парвозҳояш аз бозор ронданд. Мақомот аммо мегӯянд, East Air” бояд барои идомаи парвозҳо чархи ҳавопаймоҳояшро нав мекард.
Ҳаво дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон дар моҳи севуми зимистон ғайримаъмул 15 дараҷа гарму офтобист. Аммо фазои интихоботи порлумоние, ки то он камтар аз се ҳафта боқӣ мондааст, ҳарорате надорад.
Филми нави мазҳакавии “Арӯси замонавӣ” дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Ин мазҳакаи достони як духтари тоҷик аст, ки тоҷикиро намедонад ва ба як ҷавони рустоӣ шавҳар мекунад.
Масъулони Идораи маорифи Исфара мегӯянд, то кунун далели худкушии ду толибаи мактбаи миёна ва литсейи рақами яки ин шаҳр маълум нест. Онҳо мегӯянд, базудӣ ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, нерӯи корӣ дар Тоҷикистон хеле зиёду арзон аст. Аз ин рӯ, бар асоси пажӯҳиши нави бонк, корфармоён низ чандон ҳавасманд набудаанд, корхонаҳои худро бо таҷҳизоти нав таъмин кунанд.
Масъулони "Babilon-M" мегӯянд, Кумитаи андоз то анҷоми баҳси додгоҳӣ ҳаққи бастани суратҳисобҳои онҳоро надорад. Кумитаи андоз барои ситонидани қарзи ин ширкат ба бонкҳо нома фиристодааст.
Палатаи ҳисоб дар пайи як санҷиши молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, непотизм ё хешутаборбозии масъулони ин бонкро ошкор карда, ба сабукдӯш шудани ҳашт корманди ин бонк роҳ кушодааст.
Ҳизби демократ дар барномааш давлатӣ кардани бизнесҳое, чун алоқаи мобилу дорувор, ва таъсиси пулиси ахлоқиро ҷо кардааст. Ҳизби сотсиалист барои ҳар кӯдак 110 сомонӣ маош ва ҳизби коммунист эҳёи иқтисоди планиро талаб доранд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ду чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2018 фаъол хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, ҳукумат дар ин замина як нақшаи кориро ҳам таҳия кардааст.
ҲНИТ мегӯяд, аз додгоҳӣ кардани даъвояш бо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода худдорӣ мекунад, вале аз ӯ мехоҳад, то "бадгӯӣ ва ҳарфҳои бедалел"-ро нисбат ба ин ҳизб бас кунад.
Абдуваҳҳоб Собиров, сокини ҳаштодсолаи Тоҷикистон, ки ҳоло дар Дубай иқомат дорад, гуфт, қасди зиндагии 200-соларо дорад. Табибон низ мегӯянд, аслан ҳеч бемориеро дар бадани ӯ кашф накардаанд.
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов додситони кулл таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки 5 сол пеш ба ин курсӣ такя зада буд.
Русия ҳаҷми содироти сӯзишвории бидуни боҷи гумрукиаш ба Тоҷикистон барои соли 2015-ро 170 00 тонна коҳиш додааст. Вазири энергетика мегӯяд, ин ҳолат бо гуноҳи ширкатҳои воридкунанда рух додааст.
Ширкати “Вавилон-М” мегӯяд, Кумитаи андоз бо ҷарима бастани ин ширкати ватанӣ ба суди ширкатҳои хориҷии фаъол дар бозори телефонҳои мобили Тоҷикистон амал мекунад.
Ширкати “Фароз” бо пахши изҳороте аз тамоми расонаҳо хостааст, Умаралӣ Қувватовро дигар ба ҳайси масъули собиқи ин ширкат муаррифӣ накунанд. Онҳо мегӯянд, Қувватов ҳеч вақт ҳамроҳи онҳо набуд.
Мақомот мегӯянд, бархе аз сокинон надониста барои гирифтани қарз аз бонкҳо манзили худро дар гарав мегузоранд. Ба гуфтаи онҳо, фоизҳои баланд дар бархе маврид боиси бехонумон шудани мизоҷон ҳам мегардад.
Мақомоти Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод кардаанд, ки низоми раводид байни ду кишвари ҳамсоя ҳадди ақал барои сафарҳои то як моҳ бардошта шуда, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбею Тошканд аз сар гирифта шаванд.
Раиси Кумитаи радио ва телевизион иддаои бархе аз коршиносон дар мавриди "маъракаи густурдаи сиёҳкунии телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе"-ро беасос шуморид.
Гурӯҳе аз сокинони Душанбе субҳи 8 январ дар назди сафорати Фаронса дар Душанбе ба ёди қурбониёни ҳамлаи дирӯза шамъ фурӯзон кардаву гул гузоштаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамларо "ғаддорона" ва “даҳшатангез” номида, маҳкум кардааст.
Ёфтҳои бештар