Вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон кормандони куҳансол ва нафақахӯронро ба хотири пешгирӣ аз сирояти короновирус ба рухсатӣ фиристодаанд. Гуфта мешавад афроди сину солашон боло бештар аз бемории ҳамагири COVID- 19 осебпазиранд.
Додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҳукм кард, ки 24,5 миллион доллар аз ҳисоби "Агроинветсбонк"-и Тоҷикистон ба фоидаи ширкати ҳонконгии "Супер Перфект Инвестмент ЛТД" ситонда шавад.
Муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа, аз ҷумла Русия, боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт, ҳадди ақал дар се соли оянда. Ин пешбинии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки 31-уми июли имсол тасдиқ шудааст ва нусхаи он рӯзи 14-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Мансабдорони Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз ин ба баъд дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомот гузориш диҳанд. Қаблан қонунҳои Тоҷикистон аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо)-ро талаб мекард.
Як созмони ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ба 46 хонавода дар ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дегдони офтобӣ ё хуршедӣ тақдим кард.
Дипломатҳо аз муҳоҷирон хостанд, фирефтаи афроде нашаванд, ки бо ваъдаи бурдан ба Тоҷикистон онҳоро раҳо мекунанд.
Даҳҳо муҳоҷир дар маҳалли сохтмони корхонаи коркарди газ дар вилояти Амур "ошӯб" бардоштанд. Муҳоҷирон сабаби хашму эътирози худро ба кам пардохт шудани маош рабт доданд. Масъулони ширкат мегӯянд, муҳоҷирон аз 15 то 20 рӯз дар карантин буданд ва кор накарданд, аз ин рӯ, маошашон пурра пардохт нашуд.
Русия шартҳои қабул ба шаҳрвандиро сабуктар кард. Дар ин бора амр содир шудааст ва матни онро 27-уми июн дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия гузоштанд. Амр баъд аз 90 рӯз ба иҷро медарояд.
Русия шартҳои қабул ба шаҳрвандиро сабуктар кард. Панҷ далелашро дар навор бинед.
Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи роҳбурдии ислоҳоти зиндонҳоро ба тасвиб расонд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар қабул шудани ин барномаро "қадаме ба пеш” номиданд, аммо мегӯянд муҳим аст, ки тарҳе ки рӯйи коғаз омадааст, дар амал иҷро шавад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии мусофиронро барои паврозҳои чартерӣ қатъ кард. То ба ҳол, беш аз 8 ҳазор нафар барои бозгаштан ба Тоҷикистон дархост додаанд
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёи Рушд навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад.
Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад ва барои ҷалби бештари онҳо ҳавасманд аст. Дар ин ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи як ҷаласаи онлайнӣ изҳори назар кард, ки тағйиротҳои охир дар Конститутсия матраҳ мешуд.
Наздик ба ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон, дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дармондаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки барои бозгашти онҳо ба Ватан кумак кунанд.
Русия қонуни нави тақдими шаҳрвандиашро ба хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, тасдиқ кард. Мувофиқи он муҳлати баррасии ариза барои қабули шаҳрвандии Русия аз шаш моҳи пешина то ба се моҳ кӯтоҳ карда шуд.
Ёфтҳои бештар