Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки панҷ моҳ қабл аз мусофирати 19-сола аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди тамаллуқ задани ӯ ба президент, ҳангомаи расонаҳо мебошад.
Бино бар як пажӯҳиши бахши аҳолии СММ наздик ба 14 дарсади духтарони ноболиғи Тоҷикистон пеш аз вақт издивоҷ кардаанд.
Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтод дарсади занҳои Тоҷикистон дучори хушунат дар хонаводаҳо мешаванд.
Дар рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиботи сиёсӣ – 30-юми октябр, ки бештар ба қурбониёни мошини таъқиботии режими Иттиҳоди Шӯравӣ рабт мегирад, истилоҳи «маҳбуси сиёсӣ» ба мафҳуми духӯра табдил ёфтааст.
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) мегӯяд, гурӯҳеро иборат аз 60 нафар барои ҷалби муҳоҷирон ба интихобот ба Русия мефиристад.
Русия мегӯяд, дар самти таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, тарҳҳои ҷиддие рӯи даст дорад.
Бархе аз фаъолони сиёсӣ ва маҳфилҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд бо ҳар роҳе ки бошад, норозигии худро аз интихоботи президентии 6-уми ноябр баён доранд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ё OECD ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Кодекси ҷиноятӣ, на танҳо «додан» ва «гирифтани пора», балки «талаб» ва «ваъдаи пора» ҳам ҷиноят шумурда шавад.
Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди мавридҳои ғуломиро дар ин кишвар «бо як овоз» рад мекунанд ва мегӯянд, нақзи ҳуқуқи коргар ҳанӯз ба маънои истисмору ғуломӣ нест.
Номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз ҳизби коммунист (ҲКТ) мегӯяд, барои ширкат дар интихобот аз касе дастур нагирифтааст ва ба 65 дарсади овозҳо умед мебандад.
Сари касеро ба тани хар часпондан ё нисбати касе дашномҳои қабеҳро раво дидан дар сегменти тоҷикии интернет ба нуқтаи авҷ расидааст. Мутахасисон мегӯянд, ин беадабиҳо, ки шабакаҳои иҷтимоиро беобрӯ меунад, бояд хотима ёбанд.
Муовини аввали раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, дар ин ҳизб "яккараҳбарӣ" нест, чунки ҳизби онҳо "ҳам халқист ва ҳам демократӣ."
Қарор буд, рӯз ҷумъа КМИР бо баргузории ҷаласае масъалаи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро баррасӣ намояд, аммо бо далели ҳузур надоштани Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ ин нишаст лағв шудааст.
Тарафдорони номзади ягонаи мухолифин мегӯянд, мардумро ҳатто аз имзо додан ба пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова тарс додаанд.
Дар ин шабурӯз, ки дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад, Куммиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон (КМИР) дар меҳвари хабарҳои муҳими ин кишвар қарор гирифтааст.
Раиси КМИРТраванди ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро хуб арзёбӣ кард.
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз ҳамагӣ 21 ҳазор имзо ҷамъ овардааст. Ин дар ҳолест, ки то анҷоми марҳалаи ҷамъоварии имзоҳо 10 рӯзи дигар мондааст ва бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шавад.
Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар анҷуманаш раҳбари ҳизб Саидҷаъфар Исмоновро ба унвони номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ кард.
Ба Радиои Озодӣ аз номи нафароне, ки худро коргарони корхонаи сементи шаҳри Душанбе меноманд, нома расидааст, ки мегӯянд, се моҳ боз маош нагирифтаанд.
Ҳар сол дар рӯзи даргузашти устод Отахон Латифӣ аҳли хонавода, дӯстону наздикон дар манзилаш гирд меоянд ва аз ӯ ёд мекунанд.
Ёфтҳои бештар