Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Шоҳиён: Ҳамин 30 дақиқа барои таблиғи номзад кофист


Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Дар ин шабурӯз, ки дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад, Куммиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон (КМИР) дар меҳвари хабарҳои муҳими ин кишвар қарор гирифтааст.

Ин ниҳод, ки раҳбар, аъзо ва кормандонаш аз тарафи давлат таъйин мешаванд, батакрор ваъда медиҳад, ки шароитро барои баргузории як раъйгирии озоду демократӣ дар интихоботи рӯзи 6 ноябр муҳайё хоҳад сохт. Вале мунтақидон ба ин ваъдаҳо бовар надоранд ва мегӯянд, равиши ин корзор то имрӯз алакай нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро боз як интихоботи пур аз тақаллуб ва сохта дар пеш аст, ки ҳадафаш танҳо тамдид замони раёсати ҳокимони кунунист.

Пиромуни ин суолҳову шакку шубҳаҳое, ки дар атрофи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бархостаанд, гуфтугӯи ихтисосие доштем бо раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён.

Гуфтугӯ бо Шермуҳаммади Шоҳиён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:59 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Ҳамчун раиси КМИР Шумо вазъи имрӯзаи маъракаи интихоботиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён соли 1962 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Фаъолиятро ҳамчун адвокат дар ноҳияи Ёвон шурӯъ намуда, сипас дар вазифаи судя ва раиси суд дар ноҳияҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1994-1995 муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва сипас шаш сол мушовири давлатии президент ва намояндаи ӯ дар парлумон буд. Аз соли 2006 то 2010 - раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар интихоботи соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва як сол дар мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният кор кард. Аз моҳи феврали соли 2011 раиси Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Ҳарсе духтараш издивоҷ кардаву мустақилона зиндагӣ доранд. Писари калониаш ҳуқуқшинос аст ва дар вазорати адлия кор мекунад. Писари хурдиаш дар синфи нӯҳуми лисейи назди Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад.
Шермуҳаммади Шоҳиён: Метавон гуфт, ки ҳама иқдомҳо дар робита ба маъракаи интихоботи президент оромона идома дорад. Фазои пешазинтихоботӣ эҳсос мешавад. Аллакай 7 номзад пешниҳод шудааст ва ҷамъоварии имзоҳо идома дорад. Гурӯҳҳои ташаббускори ҳизбҳои сиёсӣ фаъол мешаванд. Баъзе фикру ақидаҳое, ки дар расонаҳо доир ба рафти омодагиҳо ба интихобот нашр мешаванд, ман фикр мекунам, як чизи маъмулӣ аст. Зеро дар интихобот ширкат кардани гурӯҳҳои гуногун, пешниҳоди андешаҳои мухталиф нишонаи ҷомеаи демократӣ ва гуногунандешии сиёсӣ аст. Мо барои ҳамаи номзадҳо шароити якхелаи мусоид барои бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ муҳайё мекунем. Талош мекунем барои шаҳрвандон ягон хел маҳдудият набошад.

Озодӣ: Номзади ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шикоят дорад, ки фишорҳо аз ҷониби мақомот дар раванди ҷамъоварии имзо зиёд шудааст. КМИР чун масъули маъракаи интихоботӣ ин амалро чӣ гуна шарҳ медиҳад?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Ҳар як муроҷиати ҲНИТ аз ҷониби КМИР фавран мавриди санҷиш қарор дода шуд. Маълум гардид, ки пеш аз ҳама аз ҷониби намояндагони ҲНИТ талаботи қонун ва қарори КМИР дар бораи тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзоҳо риоя нашудааст. Гурӯҳҳои ташаббускор созмон дода нашудаанд. Шахсоне, ки худро намояндаи ҲНИТ муаррифӣ карда, ба назди расони шаҳру ноҳияҳо мерафтанд, санади зарурӣ надоштанд. Яъне иштибоҳ то ҷое аз ҷониби худи гурӯҳи ташаббускор сар задааст. Аз ҷониби мақомот низ дар ин маврид баъзе иштибоҳҳо шуд, ки масалан, барои тасдиқи варақаҳо мактуби аҳзобро талаб карданд. Мо гуфтем, ки мактуб шарт нест. Вақте изҳороти Ойниҳол Бобоназарова ба мо расид, фавран онро баррасӣ кардем. Ва ба раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб равон кардем, ки дар ягон маврид ба монеагузорӣ ба гурӯҳҳои ташаббускор роҳ надиҳанд. Кифоя аст, ки танҳо раисони созмонҳои ибтидоии аҳзоб пеши мақомоти маҳаллӣ раванд.

Аммо аз муҳоҷирон ҷамъ овардани имзо ва аз ҳисоби намояндагони аҳзоб сохтани куммиссиюнҳоро интихоботиро қонун пешбинӣ накардааст. Мо талош кардем, то ба ҳайъати куммиссиюнҳо шахсоне дохил шаванд, ки нисбатан озоду холис бошанд, мансабдор набошанд, то ягон хел шубҳа дар бораи дахолати онҳо ба вуҷуд наояд ва аз ин рӯ, куммиссиюнҳоро асосан аз ҳисоби кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг созмон додем.

Озодӣ: Чаро танҳо ситоди интихобототии Ойниҳол Бобоназарова дучори чунин мушкилот шудааст?

Шермуҳаммади Шоҳиён: На танҳо ситоди номзади ҲНИТ, балки гурӯҳҳои ташаббускори дигар ҳизбҳо низ шифоҳӣ ба мо муроҷат карданд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дучори мушкилот шудаанд. Гуфтанд, ки бо назардошти он ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоии ҳизб вуҷуд надорад, иҷозаи ҷамъоварии имзоро надодаанд. Мо тавсия додем, ки созмони ибтидоӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳия ҳатмӣ нест. Ҳар ҳизб метавонад гурӯҳҳои ташаббускорро аз маркази ҷумҳурӣ ё вилоятҳо созмон диҳад ва онҳо ҳақ доранд, дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии имзоҳо машғул бошанд.

Озодӣ: Аммо Ойниҳол Бобоназарова гуфт, дигар ба КМИР бовар надорад. Инро шумо чун баҳо ба фаъолияти худ дар ин марҳала қабул мекунед?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Дар ягон ҳолат ман инро ҳамчун баҳо қабул намекунам. Ман аз рӯзи аввал иброз доштам, ки ҳамаи иқдомоти вобаста ба интихобот танҳо дар чаҳорчӯби қонун сурат мегиранд. Он чизе, ки хонум Бобоназарова изҳор доштанд, ақидаи шахсии он кас аст. Фаъолияти КМИР чӣ гуна аст, кадом иқдомҳоро амалӣ месозад, тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дида истодаанд. Ягон талаботи қонун, ягон муҳлати муайяншуда аз ҷониби КМИР вайрон нашудааст. Вале вақте намояндаи ин ё он ҳизби сиёсӣ талаботи қонунро риоя карда наметавонаду айбро дар кори куммиссиюнҳои интихоботӣ мемонад, ин аз рӯи адолат нест.

Озодӣ: ҲНИТ бо ҳама кӯшишҳое, ки дорад, то имрӯз натавонистааст 30 ҳазор имзо ҷамъ кунад. Дар ҳоле ки ҳизби аграрӣ 130 ҳазор имзо ҷамъ овардааст. Ҳизбҳои дигар ҳам мегӯянд, мушкилот надоранд. Шумо ин тафовутро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Ман ҳам мисли шумо ин гуна иттилоъро танҳо аз расонаҳо мехонам. Расман ба КМИР ягон ҳизби сиёсӣ ягон варақаи ҷамъоварии имзоҳоро пешниҳод накардааст, ки ман таҳлил дошта бошам. То кадом андоза ин изҳороти ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳақиқат мувофиқ аст, ман гуфта наметавонам.

Озодӣ: 25 ҳазор сомонӣ барои маъракаи интихобот ва 30 дақиқа барои номзад ба мақоми президентӣ магар кам нест?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Вақте ки номзадҳо ба қайд гирифта мешаванд ва онҳо барномаҳои пешазинтихоботиро барои нашр кардан ба КМИР пешниҳод мекунанд, мову шумо метавонем муайян кунем, ки барои муаррифии он барнома 30 дақиқа кифоя аст ё не. Ба ақидаи ман, 30 дақиқа барои муаррифии барнома кифоя аст. Агар номзад маҳорат дошта бошад, дар ҳамин муддат муҳтавои барномаашро дуруст ба самъи интихобкунанда расонда метавонад.
Дар интихоботи соли 2006 миқдори маблағе, ки барои номзадҳо ба мақоми президентӣ ҷудо шуд, қариб 1000 доллар буд. Имрӯз, ки имкони молиявии давлати мо беҳтар гардид, мо ба хулоса омадем, ки 25 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунем. Лекин номзадҳо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳастанд, мақсад аз ташкил кардани ҳизби сиёсӣ ширкат дар чунин маъракаҳост. Ҳизби сиёсӣ бояд омода бошад, ки интихоботи резидентӣ дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад. Бояд воситаҳои пулӣ дошта бошад барои муаррифии номзадҳои худ. Номзадҳо метавонанд то 200 ҳазор сомонӣ харҷ кунанд.

Озодӣ: Дар оғози марҳалаи интихоботӣ КМИР аз мушкилоти молӣ сухан мегуфт. Ҳанӯз ҳам чунин мушкилот ҷой дорад?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Дар мавриди мушкилоти молӣ мо доир ба масъалаҳои мушаххас гуфта будем, муттаассифона, дар расонаҳо он каме ғалат шарҳ дода шуд. Барои интихобот маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст. Мо дар масъалаи ташкили фаъолияти куммиссиюнҳои интихоботӣ, баргузории чорабиниҳо ва ҷамъбасти интихобот ягон мушкилот надорем. Мушкил дар масъалаи таҳияи руйхати ягонаи электронии интихобкунандаҳост. Барои ин чанд миллион доллар лозим аст, ки КМИР надорад. Масъалаи дигар ба тамоми нозирон додани нусхаи протоколҳои куммиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавист. Барои нусхабардорӣ кардани протоколҳои 3153 участка ва 68 ҳавза мо бояд дар ҳамаи ин қитъаҳо дастгоҳи нусхабардорӣ дошта бошем. Шумораи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи парлумонӣ 536 нафар ва ҷамъи нозирону хабарнигорон 24 ҳазор нафар буд. Ба ин қадар одам додани нусхаи протоколҳо харҷи зиёд талаб мекунад.

Озодӣ: Ҳамчун раиси КМИР Шумо худро ба таври мустақим ё ғайримустақим дар тобеияти кадом сохтору ниҳод ё мақомоти кишвар ҳис мекунед?

Шермуҳаммади Шоҳиён: КМИР ниҳоди махсус ва алоҳида аст. Ба ягон мақомоти алоҳидаи давлатӣ мутеъ нест. Аз рӯи қонун ин сохтор аз ягон ниҳод ё шахси мансабдор вобаста бояд набошад. Ҳайати КМИР аз ҷониби раисиҷумҳур ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва аз ҷониби вакилон интихоб мешаванд. Аъзои КМИР дар фаъолияти худ мустақиланд, ба ягон кас ҳисобот намедиҳанд. Баръакс иҷрои қарорҳои онҳо барои мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳатмист.

Озодӣ: Чаро намешавад, аз номзадҳо эълони дороӣ, моликият ва даромади солонаашонро талаб кард? Магар КМИР наметавонад ин корро кунад?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Қонун талаб кардани маълумот доир ба дороӣ ва молу мулки номзад ба президентиро талаб накардааст. Аз ин рӯ, КМИР ҳақ надорад, чунин маълумотро талаб кунад. Дар қонуни интихоботи парлумон ин тақозо ҳаст, вале дар президентӣ нест. Ҳоло мо чунин талаби ғайриқонунӣ карда наметавонем.

Озодӣ: Ба фикри Шумо, оё дар ғалабаи ин ё он номзад КМИР саҳме дошта метавонад?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Не. Маъракаи ҳалкунанда - ташкили овоздиҳӣ, ҳисоб кардани овозҳо ва ҷамъбасти овозҳо дар куммиссиюнҳои қитъавӣ сурат мегирад. Мо аз рӯи проколҳое, ки аз шаҳру ноҳияҳо меоянд, натиҷаи интихоботро ҷамъбаст мекунем. Дар ҳайъати КМИР намояндагони қариб тамоми аҳзоби сиёсӣ ҳастанд. Онҳо мебинанд, ки кадом номзад чӣ қадар овоз гирифтааст?

Озодӣ: Худи Шумо рӯзи интихобот ба кӣ раъй медиҳед? Аҳли оилаи Шумо ба кӣ овоз медиҳанд?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Овоздиҳӣ махфӣ аст, инро пешакӣ пурсидан мумкин нест. Инро дар рӯзи интихобот муайян мекунем. Аввал мо бинем, ки чӣ қадар номзад пешниҳод мешавад, барномаи пешазинтихоботии кадом номзад чӣ гуна аст. Барномаи номзад то кадом андоза барои нигоҳ доштани оромии ҷомеа, таъмини пешрафти давлат, ноил шудан ба ҳадафу ормонҳои мардуми тоҷик мусоидат мекунад, ба тарафдории ҳамон номзад овоз медиҳам.

Озодӣ: Дар муҳити хонатон ҳам дар бораи интихобот сӯҳбат мешавад?

Шермуҳаммади Шоҳиён: Чун ман раиси КМИР ҳастам, хоҳ-нохоҳ аъзои оилаи ман ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳ мекунанд. Аммо ҳоло ки пешбарии номзадҳо идома дорад,дар бораи номзади алоҳида ё барномаи онҳо сӯҳбат намекунем.
XS
SM
MD
LG