Бо ишора ба сайтбандиҳо ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳо, коршиносон мегӯянд, то замоне ки мақомот дарк накунанд, фазои иттиллотии Тоҷикистон моли ин кишвар аст, ин соҳа рушд нахоҳад кард.
Духтарони ноболиғе, ки дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ шавҳар мекунанд, талоқи зудҳангом онҳоро ба як зани ғамдор табдил медиҳад.
Дар Душанбе имсол ғайримуқаррарӣ селаи зоғонро шомгоҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар маркази пойтахт села села ҷамъ мешаванд. Видеои мазкур бидуни шарҳ аст
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар як соли гузашта додгоҳҳои кишвар ба таври истисноӣ ба никоҳи тақрибан 800 духтари ноболиғ иҷоза додаанд. Никоҳи расмӣ дар кишвар аз 18-солагӣ иҷозат аст.
Шаш соҳибкори тоҷик Кумитаи андози Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидаанд. Дар ду ҳолат додгоҳ даъвои соҳибкоронро қисман ҳал карда, як шикояти дигарро рад намудааст.
Илфат Маҳмудов, ғаввоси ботаҷрибаи тоҷик мегӯяд, ки асосан онҳоро барои берун овардани ҷасадҳо аз қаъри дарё даъват мекунанд.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мақомоти интизомии кишварро ба "камбудӣ" айбдор кард ва гуфт, ки онҳо натавонистанд аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ҷилавгирӣ кунанд.
Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз парлумон хостанд, ки барои ҳимояи иҷтимоии зиндониёни собиқ дар кишвар як қонуни махсус ва ҳамчунин қонуни ягонаи зидди табъиз қабул шавад.
Акнун солимии кӯдакони батни модар ва баҳсҳои муқаррар кардани ҳаққи падариро дар Тоҷикистон Марказ нави озмоиши тиббию генетекӣ муайян мекунад.
Баъди ҳамагӣ чанд рӯз аз нав маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Интернет дар Тоҷикистон суолҳои зиёде халқ кардааст, ки оё ин "дарвозабон" кист, ки дари Интернетро мекушояду мебандад?
Рӯзи 7-уми январ дар "бозори сиёҳ”-и шаҳри Душанбе қимати 1 доллари амрикоӣ ба 8 сомонию 30 дирам баробар шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афродеро, ки берун аз бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ машғуланд, ба ҳукумат фиристодааст.
Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон, ки ба ҷавобгарӣ кашидани "саррофон"-ро дар назар дорад, ба ҳукумат пешниҳод шудааст.
Бархе идораҳои ақди никоҳ дар Тоҷикистон рӯзҳои чоршанберо “Рӯзи никоҳи зиндониён” эълон кардаанд. Имсол танҳо дар ду зиндони Душанбе 62 ҷуфт ақди никоҳ бастаанд.
Ширкати Tcell мегӯяд, ки хабарҳо дар бораи муроҷиати Додситонии кулли Тоҷикистон барои даст ёфтан ба дастгоҳҳои назорат бар мухобироти ин ширкат, аз воқеият дур аст.
Мутахассисон дар нишасте дар шаҳри Душанбе ҳушдор доданд, ки бо маҳдудсозии сомонаҳои интернетӣ мавқеи Тоҷикистон дар олами маҷозии муосир хеле танг мешавад.
Сафия, як сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки хурсандии як шаби қумондонҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ӯро якумр бадбахт кард. Ӯ аз 20 сол ба ин тараф мӯътоди маводи мухаддир аст ва ҳоло талош дорад аз чанги ин беморӣ раҳо ёбад.
Бибиҳоҷира Маликзода, модари Фархуна, духтаре, ки тӯдаи мардҳо ӯро моҳи марти соли 2015 ба таври ваҳшиёна дар Кобул кобул ба қатл расониданд, бо хонаводааш аз Афғонистон ба Тоҷикистон кӯчид.
Ёфтҳои бештар