Созмони "Мемориал" дар Русия дар як гузориши тозаи худ гуфтааст, ки муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Ин созмон мегӯяд, ба далели муҳоҷирати волидон, кӯдакон аз дидори онҳо барои моҳҳо ваё солҳо маҳрум буда, "аз таҳсил дур мешаванд, хушунат мебинанд" ва гоҳо аз тангдастии аъзои дигари хонавода ба хона-интернат меафтанд.