Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хатлон бар ин назаранд, ки аксари занҳо хушунату зуроварии шавҳаронро барои талоқ нагирифтан солҳо пинҳон медоранд
Додситонии Хатлон аз боздошти як пулис дар ноҳияи Хуросон ва аз кор рондани шудани 14 корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод.
Муҳоҷирони дохилӣ ё сокиноне, ки дар гузашта аз минтақаҳои хавфнок ба чанде аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон кӯчидаанд, мегӯянд, бо гузашти даҳ сол ҳанӯз мақомот ваъдаи худро барои муҳайё кардани шароити муносиби зист иҷро накардаанд.
Ба дасти Радиои Озодӣ рӯйхатте расид, ки бино бар он дар ду моҳи ахир 24 корманди соҳаи тиб дар вилояти Хатлон фавтидаанд. Дар санадҳои расмӣ иллати марги онҳо "илтиҳоби шуш" дарҷ шудааст. Мақомоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ карданд, ки омор дуруст аст.
Дар ним сол дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин омор дар муқоиса ба рақамҳои ҳамин давраи соли гузашта се маврид бештар аст ва онҳоро нигарон кардааст.
Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон сохтмони беш аз 60 хона барои мардуми аз сел зарардида ҷараён дорад. Ҳар рӯз чанде аз омӯзгорону кормандони идораҳои дигари давлатӣ ва сокинон ба он ҷо рафта, хишт болои хишт мегузоранд, ки то фаро расидани сардиҳо зарардидагонро аз хаймаҳо ба хонаҳои нав кӯчонанд.
Бино ба санади расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, аз моҳи апрел то 22-юми майи имсол дар ҳудуди вилояти Хатлон 10 корманди тиб ҷони худро аз даст додаанд.
Аз замоне ки сели харобиовар даҳҳо хонаро дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вайрон кард ва мардум бо талаби расидагӣ ба мушкилашон чанд соат шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд, беш аз се ҳафта гузашт.
Зарари сел ва лағжиши кӯҳ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили зиёда аз 600 ҳазор доллар) ҳисоб шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, хулосаи кумисюни вижа дар бораи зарари офати табииро ба ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ фиристоданд.
Дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон бар иловаи хатари коронавирус, балои дигаре ба сари деҳқонон омадааст. Он ҳам малах, душмани қаттоли зироати мардум, ки назар ба солҳои гузашта дар чанд гӯшаи вилоят зиёд шудааст.
Баъд аз як рӯзи эътирози сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Хуросон мақомот ваъда додаанд, ки барояшон замину хӯрокворӣ медиҳанд, вале ҳамзамон ҳушдор додаанд, ки нисбат ба шахсони, ба гуфтаи онҳо, "иғвоангез" чора меандешанд.
Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст ва мисли Зуҳурбек Шарипов ҳазорон нафар ҳоло дар киштзорҳояшон ба кор машғуланд.
Нуралӣ Ҳайдаров, сокини 24-солаи ноҳияи Темурмаликро, ки наздиконаш иддао доштанд, тавассути "сарбозшикор" ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст, 15-уми апрел аз комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон озод карданд. Радиои Озодӣ субҳи чаҳоршанбе дар бораи бемории ӯ ва "облава" шуданаш гузориш дод.
Ҳоло нигарониҳо аз он зиёд аст, ки камтар шудани пули муҳоҷирону маҷрои он ба Тоҷикистон мумкин аст, дигарбора теъдоди камбизоатонро бештар кунад ва ғизои дастурхони тоҷиконро мисли солҳои пешин ба қандчой ва нон табдил диҳад.
Ёфтҳои бештар