Нуралӣ Ҳайдаров, сокини 24-солаи ноҳияи Темурмаликро, ки наздиконаш иддао доштанд, тавассути "сарбозшикор" ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст, 15-уми апрел, пас аз шаш рӯзи аз хона бурдан, аз комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон озод карданд. Радиои Озодӣ субҳи чаҳоршанбе дар бораи бемории ӯ ва "облава" шуданаш гузориш дод.
Мақомот тасмими худро дар бораи озод кардани Нуралӣ Ҳайдаров аз хидмат шарҳ надоданд. Ҷавон мегӯяд, дар ҳоле ки мӯйи сараш тарошида, барои интиқол ба қисми ҳарбӣ омода буд, ногаҳон хабари раҳоияшро расонданд. Вай бовар дорад, "нашри гузориш ва нусхаи ташхиси беморӣ ба ин сабаб шудааст, вагарна дар оғоз ба санадҳои беморӣ аҳамият надоданд".
Ин ҷавон афзуд, чанд муддат аст, ки аз бемории ҷигару меъда ранҷ мекашад ва барои исботи гуфтаҳояш санад ҳам дорад, "вале дар бемористони ноҳия маро сиҳат бароварданд. Дар бемористони вилоятӣ ҳам гуфтанд, ки ҳеч мушкил надорам. Мақомот гуфтанд, ҳамаамон бемор ҳастем ва бояд хидмат кунӣ."
Пайвандони Нуралӣ Ҳайдаров рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ӯ бемори ҷигар аст ва намояндагони мақомот маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ба хидмат ҷалб шудани Ҳайдаровро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, дар бораи бемории ӯ иттилоъ надоранд.
Ба нақли наздиконаш, Нуралӣ Ҳайдаров, сокини ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, моҳи январи имсол барои табобати ҷигар аз шаҳри Санкт-Петербург ба Тоҷикистон баргашт.
Вай то замони ба ҳолати омодабош даромадани бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, барои қабулу табобати гирифторони эҳтимолии коронавирус дар моҳи март, дар онҷо зери назорати пизишкон будааст.
"Дар Русия табобат гарон буд, хост, дар Тоҷикистон арзонтар муолиҷа гирад ва ҳамзамон модару хоҳарҳояшро бубинад. Рӯзи 9-уми апрел кормандони ҷамоат ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик ӯро аз хона бо мошин бурдаанд. Шавҳарам, воқеан, мариз аст ва ҷигараш чанд муддат боз дард мекунад", - гуфт Гулмоҳ Юсуфова, ҳамсари Нуралӣ Ҳайдаров, ки ҳоло бо як кӯдак дар Русия дармондааст.
Хонаводаи Нуралӣ Ҳайдаров рӯзи 14-уми апрел санадҳои бемории ӯро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ки маркази "Алфа Мед"-и шаҳри Санкт-Петербург додааст, аммо дар ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфтанд, дар бораи касалии ҷавон хабар надоштанд.
Зуҳро Маҳмадсаидзода, раиси ҷамоати Кангурт, ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони онҳо аввал хостаанд, Комил Ҳайдаров, бародари Нуралӣ Ҳайдаровро ба сарбозӣ баранд.
"Бародари ӯ дар хонаашон ҳаст, даъватнома фиристодем, ба комиссариат ҳозир нашуд. Нуралӣ Ҳайдаровро дидем, ки 25-сола аст, ба сарбозӣ бурдем. Ҳама бояд хидмат кунад. Метавонистем фарзандони ин оиларо барои саркашӣ аз хидмат ҷарима кунем, ба додситонӣ супорем, вале накардем", - афзуд ӯ.
Наздикони Нуралӣ Ҳайдаров аз он нигарон буданд, ки ӯ доруҳояшро нагирифтааст ва, мумкин аст, вазъи саломаташ бадтар шавад.
Як масъули комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишкон даъватшудаҳоро ташхис мекунанд ва агар бемор аст, ҷавоб медиҳанд. "То ин дам панҷ-шаш нафареро, ки бемор буданд, рухсат додем, то ба хонаҳояшон раванд", - афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ – сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.
Бархе аз сокинон шикоят доранд, ки солҳои ахир фарзандони онҳо тавассути "сарбозшикор", фишор овардан ба волидон ва ё қатъи барқи масоҷиди маҳалла маҷбурӣ ба артиш бурда мешаванд. Мақомот низ вуҷуди "сарбозшикор"-ро рад намекунанд.
Аз аввали даъвати имсолаи баҳорӣ ба артиш чанд навори "сарбозшикор" дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон пахш шуд. Ҳарчанд наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, вале мақомот расман шарҳе надодаанд.
Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, охири моҳи январи имсол ҳангоми натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳии даъват ба артиш аз кори комиссияҳои тиббӣ танқид карда, "сарбозшикор"-ро "амали номатлуб" тавсиф карда буд.
Он замон 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизомӣ гирифта, шаш нафари онҳо аз мансабҳои худ барканор гардиданд.
Дар гузашта бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки муҳлати хидмат дар артиш кам карда шавад, то ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн равад. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфтанд, ба қонуни хидмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, муҳлати хидмат аз 2 соли ҳозира то ба 1,5 сол кам карда мешавад, вале тағйирот ҳанӯз қабул нашудааст.