Сокинони шаш бино дар Душанбе мегӯянд, мақомот се сол аст ба шикояти онҳо дар бораи интиқоли оби гарм ба манзилашон гӯш намедиҳанд.
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони шинохта ва аз шогирдони Манижаи Давлат, баъд аз хомӯшии дароз дар ҳади коронавирус, маҷмӯи таронаҳои навашро бо номи "Намебахшам" пешниҳоди ҳаводорон кард. Маросим шоми 16-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.
Рустамҷон Қурбонов, ҷавони 23 солаи тоҷик ҳамарӯза пас аз кор, машғули сохтани нармафзору барномаҳои интернетӣ аст. Ӯ чунин корро на дар дафтари корӣ, балки бо як компиютери оддӣ, дар айвони хурди манзили зисташон анҷом медиҳад.
Рустамҷон Қурбонов, як барномасози тоҷик мегӯяд, нармафзорҳои телефоние, ки офаридааст, дар даҳҳо кишвар истифода мебаранд.
Ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хуруҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷашни Меҳргон таҷлил карданд.
Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист ба мақоми раиси ҷумҳур мегуяд, ки "интихоботи Тоҷикистон назар ба интихоботи дигарон" беҳтар аст ва ӯ натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад.
Рӯзи 24-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Имсол дар пасманзари бемории ҳамагири КОВИД-19 сокинони кишвар дар моҳи Рамазон имкони хондани намозҳои панҷвақтаву ҷумъа ва таровеҳро дар масҷид надоранд ва ташкили ифтори дастҷамъӣ ва идгардак ҳам манъ шудааст.
Дар ҳоле ки сарусадо дар бораи дафни пайиҳами беш аз 40 нафар дар рӯзҳои ахир дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе паҳн шудааст, мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар оромгоҳ чизи дигарро нишон дод.
Ҳарчанд масъулони бахши энержии кишвар мегӯянд, дар Тоҷикистон расман лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ ҷорӣ нашудааст, сокинони баъзе аз минтақаҳо ҳудуди ду ҳафта боз аз қатъи нерӯи барқ дар хонаҳояшон шикоят доранд.
Гуфтугӯ бо ҳуқуқдони тоҷик Ватан Абдураҳмонов
Бо афзоиши нигарониҳо аз эҳтимоли сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, баъзе аз ширкату муассисаҳои хусусӣ ба тақсими ройгони ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд.
Раиси собиқи "Барқи тоҷик" дар бораи даврони бознишастагӣ, мушкили соҳаи энергетика ва сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Мақомот дар Душабе ба вайрон кардани Қасри пешинаи президент оғоз карданд.
Баста шудани роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, сафи корҷӯёнро дар бозори мардикорони Душанбе зиёдтар кардааст.
Яке аз коргардонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд, театр ва ҳунарпешагон метавонанд, роҳи ҳаргуна муноқишаи эҳтимолиро бигиранд.
Яке аз коргардонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд, театр ва ҳунарпешагон метавонанд, роҳи ҳаргуна муноқишаи эҳтимолиро бигиранд. Шоҳҷамшед Умарӣ ҳафтаи гузашта дар рӯзи 27-уми март дар Рӯзи ҷаҳонии театр бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Мадина Ақназарова, овозхони ҷавони тоҷик, дар рӯзҳои охирини таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон дар бораи ҳунараш, нархи тарона, сензура дар интихоби мавзуъву либос ва, инчунин, бемории КОВИД-19 ибрози назар кард.
Аксар кишварҳои ҷаҳон бо коронавирус даст ба гиребонанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон мавриди сироят ёфтани одамон ба ин беморӣ сабт нашудааст. Бо ин ҳол, мардум роҳҳои пешгирӣ аз вирусро меҷӯянд. Ҳамкорони мо 8 роҳи эҳтиёт аз бемориро ба Шумо нишон медиҳанд. Дар видео бинед.
Ёфтҳои бештар