Шоҳрух: "Дар хона нишастану коре накардан, нӯшидани машруботу аз зиндагӣ шиква кардан кори дуруст нест... Инҷо ман хушбахтам. Ин бахши бузурги зиндагии ман аст."
Барои табобати Осияи шашсола, ки ду ҳафта пеш дар яке аз гушаҳои Душанбе аз тарафи се наврас оташ зада шуд, аз Олмон табиб оварда шудааст. Масъулони Бемористони рақами 3-и пойтахт гуфтанд, ки як профессори олмонӣ ба муолиҷаи Осия Зулфонова оғоз кардааст.
Абдумалик Қодиров, шореҳи сиёсӣ, 27-уми июн дар рӯзи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ ба суол дар бораи "агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, чӣ мешуд?" ҷавоб дод.
Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи таҷлил аз ваҳдати миллӣ ба пурсиш дар бораи "агар дар Тоҷикистон ҷанг намешуд, чӣ мешуд?" ҷавоб дод.
Кошинкорӣ дар Тоҷикистони шуравӣ маъмул шуд.Дар баъзе биноҳои он давра осори ин ҳунарро мебинем, ки чашмро об медиҳанд.
амтар аз нисфи аҳолии Тоҷикистон ба кори муассири созмонҳои ҷамъиятӣ ва хайрия дар кишвар бовар доштаанд. Созмони Gallup дар гузорише рӯзи 20-уми июн гуфт, ниме дигар аз мардум ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ ибрози нобоварӣ ва ё аз фаъолияти онҳо изҳори бехабарӣ кардаанд.
Маҳбуба Одинаева яке аз ҳазорон модари муҳоҷири меҳнатист, ки шабу рӯз интизори баргашти фарзандаш аст. Ӯ аз ангушнамо модаронест, ки аз фарзанди худ пул намехоҳад. Ӯ фақат мехоҳад, ӯро бубинад, аз банди ғурбат бираҳад.
Амина Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нахустин сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 15 июн дар маросими ифтитоҳи маркази офиятрасонӣ ба афроди имконияташон маҳдуд иштирок кард.
Амина Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дар сафари нахустинаш ба Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн маркази тавонбахшии афроди маъюбро боз кард.
Имрӯзҳо дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро дидан мумкин аст. Пиру ҷавон ва зану мард талош доранд, ки ҳарчӣ зуд шиносномаи коғазии худро ба шиносномаи пластикӣ (ID Card ё корти ҳуввият) иваз кунанд.
Шаҳри Норак, яке аз маконҳои дидании Тоҷикистон зоҳиран ва яке аз камтарин шаҳрҳои кишвар аст, ки ба он автобуси мусофирбар намеравад.
Шаҳри Норак, яке аз маконҳои дидании Тоҷикистон зоҳиран ва яке аз камтарин шаҳрҳои кишвар аст, ки ба он автобуси мусофирбар намеравад. Агар касе нерӯгоҳу обанбори бузургтарини Тоҷикистонро дидан мехоҳад, бояд таксӣ бигирад.
Дар шаҳри Норак ӯро ҳама мешиносанд. Дар як моҳ ҳунараш даҳҳо нафарро пеши ӯ меорад. Ҳам созанда асту ҳам навозанда. Ҳикматулло Қосимов мегӯяд, касе завқ дорад, ба ҷое мерасад.
Марат Боймамадов ширинкори сирк аст. Ҳар рӯи саҳна омаданаш, чун рӯзи аввал аст. Марат мехоҳад ба ӯ ҳақ бидиҳанд, ширинкори бемористон бошад. Чунки, ба пиндори ӯ, ханда дардро сабук мекунад.
Таъсиси "Мактаби таҷрибавии синамои кӯдакона" -ро шаш моҳ мешавад. Мактабро моҳи январи соли 2019 дар маркази фарҳангии "Бохтар" боз карданд. Искандар Усмонов филмсози тоҷик дар бораи марказ гуфт ва дар бораи он ки чӣ гуна "Мо бисёр чизҳоро аз даст додаем."
Панҷараҳои оҳанини сари қабри суханшиноси маъруф Абдураҳмон Бухоризодаро дар оромгоҳи “Сари Осиё”-и Душанбе кандаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон харобкоронро меҷӯяд. Аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Панҷараҳои оҳании қабри забоншиноси маъруф Абдураҳмон Бухоризодаро дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе кандаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон харобкоронро меҷӯяд ва аз рӯи ин амал парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Мамлакат Тошибоева омӯзгори риёзӣ дар мактабе дар шаҳри Турсунзода буд, баъди бознишастагӣ бозорнишин шуд. Ҳоло дар бозори марказии шаҳр тиҷорат мекунад.
Дар шаҳри Турсунзода Машраб Искандаров самбусае мепазад,ки аз дуриҳо ба суроғаш меоянд.
Ёфтҳои бештар