Ҷарроҳи машҳури олмонӣ, профессор Эдгар Бимер 30 июн вориди Душанбе шуд ва барои табобати Осия муддате дар ин шаҳр хоҳад монд. Тоҳир Зубайдов, як масъули Бемористони рақами 3-и Душанбе рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки профессор Бимер аз бунёдгузорони бахши ҷарроҳии пластикии Тоҷикистон, таҷрибаи зиёда аз 40-солаи кор ва эътибори ҷаҳонӣ дар микрохирургияи пластикӣ ва эстетикӣ дорад. Вай солҳои охир дар Боку, пойтахти Озарбойҷон ба бунёди маркази ҷарроҳии пластикӣ машғул аст ва з ин ҷо ба Душанбе сафар кард.
Ба гуфтаи Тоҳир Зубайдов, вазъи саломатии Осия рӯ ба беҳбуд аст, вале ӯ ҳамчунон дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки табиби олмониро бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон овардаанд.
Манбаъ аз қавли табиби олмонӣ мегӯяд, ки ӯ дар ҳамоҳангӣ бо пизишкони тоҷик муолиҷаи Осияи хурдсолро давом дода, "барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад". Ба қавли манбаъ, баъд аз муоина оқои Бимер вазъи Осияро "муътадили вазнини миёна", гуфтааст.
Ҳодисаи оташ задани Осия Зулфонова рӯзи 19-уми июн дар ҳудуди Боғи миллии ноҳияи Синои пойтахт рух дод ва дар он 65 дарсади бадани духтарча сӯхтааст. Мақомоти корҳои дохилӣ се ноболиғи сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро дар ин ҳодиса муттаҳам медонанд. Ин ноболиғон аз 9 то 15 сол доранд.
Ҳодиса бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард. Одамон хостори ҷазои сахт нисбат ба ин се ноболиғ шудаанд, ки мақомот онҳоро дар даст доштан ба ҷиноят гумонбар медонанд.
Қазияи оташ задани Осияро феълан Додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ дорад. Мақомот ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот дар ин бора чизе намегӯянд. Бо ин ҳама қазияи Осия Зулфонова паҳлуҳои норӯшани зиёде дорад. Аммо он чизе, ки маълум аст, як тифли шашсолаи тоҷик бо бадани сӯхта рӯи бистари беморӣ барои зинда мондан мубориза мебарад.