Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзандро тарбия кардан наметавонед, чаро таваллуд мекунед?" Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз аз вокунишҳо ба қазияи Осияи шашсола ва эҳтимоли татбиқи "сенария"-и Қазоқистон дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мегӯем.

Ҳодисаи оташ задани Осия дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт дар ҳафтаи гузашта бисёриҳоро таконзада кардааст. Мақомоти ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва ҳанӯз гаҳкорон маълум нестанд. Се гумонбари наврас низ баъди бозпурсӣ озод шудаанд.

Дар ҳоле ки таҳқиқ идома дорад, чандин корбари вебсайти Радиои Озодӣ ангушти иттиҳомро ба тарафи волидони се навраси гумонбар ва наздикони Осия дароз намудаанд.

Шаҳриябону Аҳтамзод дар вебсайти Радиои Озодӣ навишт: "Канӣ қонуни масъулияти падару модар? Бигзор ҷавоби ин фарзандҳоро бидиҳанд. Фарзандро тарбия кардан наметавонед, чаро таваллуд мекунед?"

Ясмина дар "Инстаграм" навиштааст, дар ин ҳодиса волидони духтар низ бегуноҳ нестанд. Ба қавли ӯ, "ба иззати нафси касе намерасам. Аввал гуноҳи модари духтар аст, ки фарзандашро беназорат гузоштааст".

Аммо "Махинка", корбари дигар саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Инстаграм" аз он нигаронӣ мекунад, ки "наход кӯдакон дар ватани худ ва дар назди хонаи худ натавонанд бехатар бозӣ кунанд?!"

Озодӣ Онлайн. "Наход кӯдакон натавонанд бехатар бозӣ кунанд?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Бисёриҳо хостори ҷазои сахт нисбат ба се ноболиғе шудаанд, ки мақомот онҳоро дар даст доштан ба ҷиноят муттаҳам мекунанд. Корбари дигар бо номи Армитие навиштааст, агар ин кӯдаконро ҷазо диҳанд, вазъашон бадтар хоҳад шуд.

"Онҳо дар синфҳои 3, 5 ва 7-ум мехонанд ва агар маҳкам кунанд, асабашон бадтар вайрон мешавад. Дубора озод шаванд, он гоҳ чӣ кор мекунанд?",- суол гузоштааст ӯ.

Мавзӯи дигаре, ки даҳҳо нафар дар атрофи он баҳс кардаанд, масъалаи интиқоли қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

То кунун дар чандин кишвари пасошӯравӣ интиқоли қудрат сурат гирифтааст. Охирин намуна дар Қазоқистон иттифоқ афтод.

Гурӯҳе аз корбарон дар вебсайти Радиои Озодӣ тахмин задаанд, ки дар Тоҷикистон кадом "сенария” сурат хоҳад гирифт ва ҳар кадоме далелҳои худро ҳам пеш овардааст. Яке аз корбарон навиштааст, "демократия, интихобот, ҳуқуқ... Гапхои хушку холӣ..."

Корбари дигаре бо номи “Ватандӯст” гуфтааст, "бигзор, ҳар касе шавад, сулҳу суботро нигоҳ дорад ва сидқан дар фикри халқи камбағал бошад".

Ин баҳсҳо ҳанӯз дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ идома доранд. Шумо ҳам бетараф набошед. То барномаи дигар!

XS
SM
MD
LG