Шумори рӯзафзуни чеҳраҳои чинӣ дар бозорҳо ва сохтмонҳои Тоҷикистон мояи нороҳатиҳое дар миёни ҷомеа шудааст.
Мақомот боздошти Сайриддин Азизов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Раштро тасдиқ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон хонаводаи Рақибовҳоро пас аз як рӯзи гуруснанишинӣ дар назди дафтари омбудсмен ба Файзобод интиқол доданд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, 77 дарсади маҳсулот ба кишвар дар соли 2010 бо имтиёзҳои махсус ворид шудааст.
Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳудудан 6 ҳазор ҳукм, ки додгоҳҳои кишвар дар давоми соли 2010 эълон кардаанд, танҳо ду қазия ҳукми бегуноҳӣ гирифтааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, се марҳалаи дигар лозим аст, ки ин кишвар мақоми минтақаи озод аз марази фалаҷро аз нав ба даст орад. Интизор меравад, дар соли ҷорӣ маъракаи нави эмкунии кӯдакон дар саросари кишвар анҷом шавад.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки аз натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2010 сӯҳбат мекард, гуфт, барои аввалин бор дар таърихи додситонӣ 60 нафар бар асоси озмун ба кор қабул карда шудааст.
Бози давлат ба шонаи кӣ хоҳад нишаст ва аз шонаи кӣ хоҳад парид? Ин суолест, ки дар арафаи ҷаласаи навбатии солонаи ҳукумат дар маҳфилҳои Тоҷикистон ба таври густарда баррасӣ мешавад. Ба интизори коршиносон, ҷаласаи рӯзи 17 январ тағйиротҳоеро ба думбол хоҳад дошт.
Хабаргузории «Авесто» зимни як назарпурсӣ дар сомонаи интернетии худ талош кардааст, афроди сарватманди Тоҷикистонро муайян намояд. Номи 21 шахси шинохтаи кишвар ба таваҷҷӯҳи хонандагон пешниҳод шуд ва раъйдиҳии хонандагон 5 моҳ ба ин сӯ идома дорад.
Хешу ақрабои ҷангиёни гурӯҳи Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, мегӯянд, ки онҳо то ҳол натавонистаанд ҷасади ҷангиёни кушташударо аз сардхонаи бемористони ноҳия дастрас кунанд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи охирини худ қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид шудани ин кишвар ба Аҳдномаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар бораи иҷро ва фонограммаҳоро тасдиқ кард.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар арафа ва шаби Соли нави мелодӣ дар саросари кишвар ҷинояти вазнин содир нашудааст. Сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс бо соли пеш, дар ҳудуди Тоҷикистон вазъи ҷиноӣ мӯътадил будааст.
Анҷумани рекломи Тоҷикистон зимни як нома изҳор доштааст, ки аз 1-уми майи соли равон, шабакаҳои телевизионии давлатӣ аз ҷой додани эълонҳои ширкатҳои мобилӣ саркашӣ мекунанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон зимни як баёния хабари расонаҳои хориҷӣ дар бораи талошҳои тарконидани обанбори Каттасой ва бозори Истаравшанро такзиб карданд ва онро "бофтаву сохтаи муаллифон" номиданд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар саросари кишвар беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ғалладона, аз ҷумла 700 ҳазор тонна гандум, ҷамъоварӣ шудааст.
Бонки осиёии рушд эълом кардааст, ки соли оянда низ ба Тоҷикистон қарз намедиҳад, аммо кӯмакҳои билоивазашро идома хоҳад дод.Ҷоҷи Такеши, раҳбари доимии намояндагии бонк дар кишвар, сабаби ин тасмимро бесуботии идораи қарзҳои Тоҷикистон унвон кард.
Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи Роғун” аз Биржаи фондӣ, ё савдои коғазҳои қиматноки Тоҷикистон хостааст, ки бозори фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ташкил кунад.
Намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ ва ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон барои тавсеаи дастрасии мардуми кишвар ба шабакаи ҷаҳонӣ ва коҳиши қиммати Интернет як ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳимояи молии Иттиҳодияи Аврупо лоиҳаи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат то соли 2020-ро омода мекунад, ки танзими бозори меҳнати дохили кишварро ҳадаф қарор додааст. Агрита Гроза, масъули лоиҳа аз намояндагии ИА гуфт, ин тарҳ дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар омода шудааст.
Шаҳрдории Душанбе сокинони бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-67-ро муваззаф кардааст, ки то рӯзи 17 декабр манзилҳои худро тарк кунанд. Аммо бошандагони бино мегӯянд, барои кашонидани кӯчҳояшон ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.
Ёфтҳои бештар