Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, сармояи соҳибкорони эронӣ дар Тоҷикистон аз сӯи шариконашон аз худ карда шудааст. Аббос Баёнӣ, як масъули сафорати Эрон гуфт, онҳо мақомоти Тоҷикистонро аз ҳолатҳои тақаллубкорӣ бо ширкатҳои эронӣ дар ҷараён гузоштаанд.
Cандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои таъмини муназзами аҳолӣ бо нирӯи барқ ва таҳкими системаи истеҳсоли энержӣ, қиммати барқро афзоиш диҳад. Ин ду ниҳоди боэътибори байнулмилалӣ дар гузашта низ борҳо аз боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардаанд.
Паёми Фурӯғӣ, коршиноси умури ҳуқуқ, дар Рӯзи таҷлил аз ҳуқуқи башар ба пурсишҳои Озодӣ роҷеъ ба ин ки дар як соли гузашта вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон то куҷо беҳбуд ё коҳиш ёфт, посух гуфт.
Сарнавишти ширкати «Мовароуннаҳр» ва чашмандозе ба соли нави милодӣ, густариши фасод дар Тоҷикистон, баҳси Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, бозгашти толибилмон аз кишварҳои исломӣ аз мавзӯҳои асосии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ҳастанд.
Чанд нафари гумонбар дар таркиши Хуҷанд дар Русия боздошт шудаанд. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири дохилаи Тоҷикистон баъди анҷоми нишасти вазоратҳои дохилии Тоҷикистону Русия гуфт, боздошти ин афрод бо дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ахиран дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе маросими муаррифии филми ҷадид таҳти унвони «Сукут» баргузор шуд. Ин филм таззодҳои зиндагӣ, сарнавишти фоҷиабори чор ҷавон — се писар ва як духтарро инъикос мекунад.
Далер Абдулмадудов, сокини ноҳияи Темурмалик аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ тақозо кардааст, ки ба қазияи латту кӯби бародараш дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон расидагӣ кунанд.
Неъмат Олимов, сарвари хоҷагии Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони хоҷагӣ манзилеро, ки дар он ҷангиён рӯзи 28-уми октябр паноҳ бурда буданд, мавриди кофтукоб қарор додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин хона далелҳои рабти ҷанҷӯён ба "аъмоли террористӣ" пайдо шудааст.
Се корманди саҳфаи интернетии «Тоҷнюс» рӯзи панҷшанбе як ноқили 10-метраро дар ихтиёри вазорати нақлиёт ва мухобирот вогузоштанд. Ин иқдом дар вокуниш ба изҳороти ин вазорат сурат гирифтааст, ки қаблан сабаби қатъи сомонаҳои расонаҳоро тахриби ноқил ё кабел номид.
Кормандони сомонаи «Тоҷнюс» имрӯз дар назди Вазорати нақлиёт ва мухобирот ҷамъ омаданд, то ба пурсише, ки чаро сомона аз фаъолият боз мондааст, посухи қобили боварӣ бигиранд. Дар нишасти ахири ин вазорат, як намояндаи масъули он, сабаби баста шудани сомонаи мазкурро тахриб шудани ноқил маънидод кард.
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки барои анҷоми як сафар вориди Душанбе шудааст, мегӯяд, роҳи муассири ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар ин кишвар ба даст овардани муҷаввизи фаъолият ё патент аст.
Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, Далер Амонов, мудири кулли ширкати радио ва телевизионии «Ватан» ва ширкати «Арзон-мобайл»- бо ҷурми қаллобӣ боздошт шудааст. Боздошти вай бар пояи шикояти якчанд муассиса ва шаҳрвандон сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай дар як нишасти матбуотӣ хабари вуруди як гурӯҳи мусаллаҳи 400-нафарӣ ба хоки Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар муҳоботи расонаҳост.
Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз анҷоми маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва бунёди манзил дар Тоҷикистон Оҷонси омор мегӯяд, асноди нуфусшуморӣ танҳо дар се ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур такмил шудаанд.
Вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба дунболи фирори пурсарусадои 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ, аз фирори боз ду нафар аз як маҳбаси марбут ба ин вазорат ҷилавгирӣ шудааст. Бахтиёр Худоёров гуфт, ин ҳодиса дар маҳбаси Хуҷанд рух дода, фирориён ҳамон рӯз боздошт шудаанд.
Вазири дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштан ё надоштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифини Тоҷикистон дар ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар рӯзи 19-уми сентябр дар дараи Камаробро, тафтишот муайян хоҳад кард.
Ноҳамгунии дидгоҳҳои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии кишварҳои хориҷӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар шарқи кишвар, ба қавли коршиносон, вуҷуди «дасти хориҷӣ» дар ин ҳаводисро истисно намекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, қарори Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар бораи истирдоди ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе далеле барои бозбинии парвандаи ӯ буда наметавонад.
Дар чаҳорумин ҷашнвораи байнулмилалии «Дидор — 2010» дар шаҳри Душанбе, 10 филм вориди сабқат шудаанд, ки маҳсули дасти синамогарони Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
Шурӯъи ҷашнвораи нахустини хушнависии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, маъруф ба ЭКО дар Душанбе дар ҳолест, ки баҳси бозгашт ба алифбои форсӣ дар Тоҷикистон 20 сол ба ин сӯ идома дорад.
Ёфтҳои бештар