Тақозои ба мақомоти маҳаллӣ маълум кардани исми фаъолони онҳо аҳзоби сиёсии бавижа мухолифро сахт нигарон кардааст.
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) эълон дошт, ки мурооти қонунро дар интихоботи президентии моҳи ноябр таъмин мекунад.
Ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 6 ноябри соли равонро рӯзи интихоботи президентӣ эълон кард.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 6 иштирокчии флешмоби рӯзи 27 августро, ки ба ҷонибдорӣ аз Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва соҳибкори боздоштшуда баргузор шуд, ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими амният дар ростои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ шуданд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба изҳороти телевизионии муҳандисони нерӯгоҳи Роғун, ки гуфтанд, дар ояндаи наздик ду агрегати он ба кор хоҳад даромад, мегӯяд, ташхиси тарҳ ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Раёсати Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрел эълон кард, ки раҳбари ин ҳизб ва раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзади он дар интихоботи президентӣ хоҳад буд.
Баъд аз зӯҳри душанбе ҷасадҳои чаҳор қурбонии як ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷамоати Чоркӯҳ ба хок супорида шуданд.
Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон бештар мекунад ва дар иваз Афғонистон ба Тоҷикистон гази табиӣ хоҳад фиристод. Аммо барои ин бояд лӯла сохта шавад.
Барномае, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), як эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар ростои интихоботи президентӣ пешниҳод кардааст, тағйири комили низоми конститутсионии мавҷударо дар назар дорад.
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе иттиҳомоти Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи мусиқии «Барака»-и Латвиро бепоя хонд.
«Барака», як гурӯҳи мусиқӣ аз Латвия 9 август дар шаҳри Хоруғи Бадахшон ва рӯзи 11 август дар толори меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе барнома иҷро кард.
Ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ дар қароргоҳи марказии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар Душанбе низ исми номзади ягонаи мухолифинро мушаххас накард.
Мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» боздошт кардаанд.
Хабаре ҳаст, ки орзуи деринаи ҳомиёни ҳуқуқ – боздид аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба зудӣ ҷомаи амал хоҳад пӯшид, аммо хатаре ҳаст, ки коғазбозиҳо он рӯзро ба дарозо хоҳанд кашид.
Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, парвандаи вазири собиқи саноат Зайд Саидовро аллакай дар ҳафтаи оянда ба додгоҳ хоҳад супурд. Ин парванда барои шиносоӣ ба вакилон супурда шудааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ мавзеъгириҳои ҳизбаш дар се моҳи боқимонда то интихоботро шарҳ дод.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, пойгоҳи низомии 201 ҳамчун як муассисаи хориҷӣ ҳақ надорад дар қаламрави Тоҷикистон телевизион ё радиои худро таъсис диҳад.
Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, дар робита бо моҷарои кони тиллои Чоре дар парвандаи вазири пешини саноат Зайд Саидов, вазирону раисони кумитаҳоеро, ки зери иҷозатномааш имзо гузоштаанд, бозпурсӣ кардааст.
Хабарҳои аввалин дар бораи роҳандозӣ шудани як телевизиони тоҷикӣ дар Русия миёни дастандаркорони ин тарҳ мухолифатҳоро ба миён овардааст.
Ёфтҳои бештар