Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазовати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, рӯҳонии саршиноси Эронро дар мавриди маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ дар Тоҷикистон зудҳангом донистанд.
Бунёдгузори "Имрӯз нюз" Рустами Ҷонӣ тавсеаи ҳайати муассисони ин рӯзнома, сабабҳои барканорияш аз раҳбарии "Ориён Медиа" ва нақшаи таъсиси CNN-и тоҷикиро шарҳ медиҳад.
Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди густариши тундгароӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он.
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Мақомоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузории ҳар гуна митингу раҳпаймоӣ дар рӯзи 1 майро рад карда мегӯянд, ки ин ид бо сайру гашти идонаи мардум дар тамоми кишвар баргузор мешавад.
Даргузашти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худоназаров дар синни 49-солагӣ даҳҳо нафар аз ҳампешагон, ҳамватанон ва дӯстдорони фарҳангу ҳунарро ба сӯг нишонд.
Бори аввал Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кӯлоб аз никоҳи расмии ҷуфте, ки бо ҳам пайванди хешу таборӣ доштаанд, худдорӣ кард.
Рӯзи чоршанбеи 1 апрел дар бинои ширкати алюминиуми Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода маросими таҷлил аз 40-солагии таъсиси ширкат баргузор шуд.
Сафири нави Бритониё гуфт, кишвараш ба ҳеч ваҷҳ қасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорад, аммо афзуд, онҳо нафақат бо мақомот, балки бо созмонҳои мустақили сиёсӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Баҳриддин - як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ то замони шифо ёфтанаш дар бемористон мемонад.
Гуфтугӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ бо яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода дар бораи наврӯз ва ойинҳои наврӯзии сокинони Яғноб.
Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, вазъи бемории сил дар кишвар рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
Дар пайи моҷаро миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар ҷамоати “Изатулло Ҳалимов”-и ноҳияи Нуробод, чор нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Барномаи аслии наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи сешанбе баргузор шавад, як рӯз пеш сурат гирифт. Пешгӯии ҳавошиносон мақомотро водор кард, ки ин барномаро як рӯз пештар доир кунанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо пахши як изҳорот, аз ширкати ҷавонони тоҷик дар сафҳои гурӯҳ "Давлати исломӣ" дар Ироқу Шомро изҳори нигаронӣ кардааст.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22 март дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд.
Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон соли нави деҳқонӣ фаро расид ва муддати се рӯз идома мекунад. Барои мардуми Тоҷикистон дар Наврӯзи имсола ба таври расмӣ, шаш рӯз истироҳат эълон шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини парлумони нав аз вакилон хост, поквиҷдон бошанд ва ҳангоми қабули қонунҳо баҳс кунанд, на ин ки "шахшуда" бимонанд.
Рустами Эмомалӣ раиси нави Оҷонсии зиддифасод ва Абдуфаттоҳи Ғоиб раиси нави Хадамоти гумрук таъин шуда, Асадуллои Раҳмон ба курсии ёрдамчии президент дар сиёсати кадрҳо нишастааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсе, ки ҳамхизматаш Баҳриддин Насриддинов -- сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро латукӯб кард, боздошт шудааст. Баҳриддин аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористон бистарӣ мебошад.
Ёфтҳои бештар