Меъёри доштани доштани фарзанд дар хонаводаҳои тоҷик тағйир ёфтааст. Бар хилофи замони шӯравӣ, ки хонаводаҳо ба серфарзандӣ ташвиқ мешуданд, ҳоло ба "танзим"-и таваллуд бартарӣ дода мешавад.
Муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино шурӯъ шуд. Дар курсии айбдорӣ ба ҷуз аз муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, боз панҷ нафари дигар нишастаанд.
Дар Душанбе аввалин нонвойхонаи эронӣ ба кор шурӯъ кард ва нахустин маҳсулоташ бо номи "нони сангак" низ вориди бозор шудааст.
Нигора Холова рӯзи 12 феврал бо тифли навзодаш Амира аз таваллудхона мураххас шуд ва гуфт, ки пас аз чанд муддати нигоҳубини кӯдакаш дубора бо таронаҳои ҷадид ба саҳна бармегардад.
Тағйироти ахир Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ба мансабдорони порахӯр имкони дар ивази пул аз ҳабс раҳо ёфтанро фароҳам меорад, ба вокунишҳои мухталиф дар ҷомиа рӯбарӯ шудааст.
Раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон умедвор аст, ки мақомоти тоҷик дар нишасти Брюссел, ки ба наздикӣ баргузор мешавад, дар бораи ҳодисаҳои ахири кишвар, аз ҷумла бастани ҲНИТ, шарҳу тафсил хоҳанд дод.
Санҷишҳои молиявии Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи соли гузашта ҳудуди 160 миллион cомонӣ зиёни молиявӣ ба буҷаи давлатро ошкор кардаанд.
Волидайни Фотима, Зӯҳро, Хадича ва Фирдавс мегӯянд, ки онҳову чаҳоргоникҳо дар пешорӯи як имтиҳон қарор доранд.
Шерхон Салимзода, раиси нави Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ки соли 2015 даҳ тан аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои нашъаҷаллоб боздошт шудаанд.
Аламхон Наимӣ, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал манотиқи фасодзадаи Тоҷикистонро номбар кард.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба тафтиши бино ва корхонаҳои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода, ва наздикони онҳо оғоз кардааст.
Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо таъини Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президент талаботи моддаи 9-и қонуни зидди коррупсия нақз нашудааст.
Дар ҳафтаҳои охир васвасаи харидфурӯши сангҳои варзишӣ Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Бархе мегӯянд, ки як навъи нодири чунин сангҳои чӯянӣ то 50 000 сомонӣ нарх дорад.
Хонаводаи Ҳасан Юсуфов, сокини 51-солаи Душанбе, то лаҳзаи охирини иҷрои ҳукми қатлаш дар Чин умед доштанд, ки ӯ эъдом намешавад. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 28 январ гуфт, ки бо вуҷуди талоши онҳо мақомоти Чин дар Урумчӣ ҳукми қатли ин шаҳрванди тоҷикро ба иҷро даровардаанд.
Бархе аз овозхонҳои тоҷик мегӯянд, ки бӯҳрони молии як соли гузашта ба ҷайби онҳо низ зарбаи сахт зад ва онҳо маҷбур шудаанд, ки ҳатто иҷозаномаи корашонро дар Кумитаи андоз бекор кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа буда, эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбе сурат гирифтааст.
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, дар тӯли соли 2015 монеи фурӯши беш аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузашта шудааст.
Бесуботӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ва то рафт жарфтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ бархе аз сокинонро аз сарнавишти амонатҳои онҳо дар бонкҳои Тоҷикистон нигарон кардааст.
Вогиршиносони тоҷик вируси зукоми зимистони имсоларо нисбат ба солҳои гузашта давомдору таъсиргузор ва давраи табобати онро тӯлонтар арзёбӣ мекунанд.
Ёфтҳои бештар