Вогиршиносони тоҷик вируси зукоми зимистони имсоларо нисбати солҳои гузашта давомдору таъсиргузор ва давраи табобати онро тӯлонтар арзёбӣ мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз созиши марзӣ бо Қирғизистонро ниҳоӣ карда ва барои имзо ба ҳукумат нафиристодааст.
Мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар соли гузашта беш аз 60 соҳибкорро барои фурӯши бензини навъи 80 ба ҷойи бензинҳои навъи 92 ва 95 ҷарима кардаанд.
Як ҳуҷраи хурду фақиронаи муваққатӣ, ҳам ҷойи хоб, ҳам ошхона ва ҳам ҷойи бозии фарзандони хурдсоли Робия Муродова аст. Ӯ дар ин ҷо 4 кӯдак - ду фарзанди худ ва ду тифли партофташударо ба воя мерасонад.
Масъулони телевизиони “Сафина” мегӯянд, ки барномаи “Маликаи хушхиром”-и Орзу Исоев дар пайи эроди бинандагон қатъ шуда, муҳлати пахши “Ногуфтаҳо”-яш ба охир расидааст.
Мастона Собирова, ки рӯзи 10-уми январ дар вақти ҳунарнамоӣ дар сикр аз баландии 7 метр афтид, мехоҳад ҳарчӣ зудтар ба саҳна баргардад.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехоҳад таваҷҷӯҳи мардум ба телефонҳои хонагиро, ки ҷойгоҳашро дар ин кишвар телефонҳои мобил танг кардаанд, аз нав зинда кунад.
Тарроҳони тоҷик мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба талаботи зиёд ба либосҳои аз атлас омодашуда зимистони имсол ба муштариёни худ болопӯшҳои гармро аз атласу адрас таҳия ва пешниҳод кардаанд.
Атласи рангорангу зеборо занону духтарон дар ҷашнҳои баҳорӣ ва ҷашнҳо ба бар мекарданд. Аммо солҳои ахир либоси атлас ба як либоси маъмулӣ ва кории занон табдил меёбад.
Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, вақте расидааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мисли ҳамтоёни дигараш барои матбуот сӯҳбатҳои рӯбарӯ доир кунад.
Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, вақте расидааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мисли ҳамтоёни дигараш барои матбуот сӯҳбатҳои рӯбарӯ доир кунад.
Дар феҳраст 4 ҳазор номи миллӣ оварда шудааст ва хонаводаҳое, ки соҳиби фарзанд мешаванд, бояд аз ин феҳраст ном интихоб кунанд.
Кумитаи забон ва истилоҳшиносии Тоҷикистон "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро, ки аз 4 ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат аст, рӯзи 24 декабр барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кард.
Тадобири нави амниятӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамакнун сокинонро аз толори интизорӣ ба саҳни ҳавлӣ берун овардааст.
Соли 2015 барои аксар адвокатҳои Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳояш то ба охир пур аз изтиробу ташвиш буд. Чанд нафарашон боздошт шуданд ва 60 дар сади адвокатҳо ҳам бар асоси қонуни наве аз санҷиши кумиссиюни тахассусӣ нагузаштанд ва аз мақоми адвокатӣ маҳрум шуданд.
Гулрухсор, шоири маъруфи тоҷик рӯзи 17 декабр зодрӯзашро таҷлил кард. Ӯ мегӯяд, дар умраш боре ҳам ҳарфи каҷ нагуфтааст ва аз зиндагиаш ҳам пушаймон нест.
Наздикони Парвиз Давлатбеков, ҷавоне, ки соли 2012 қазияи маргаш чун “Куштори Бобои Барфӣ” дар расонаҳои дохилу хориҷ маъруф буд, се сол боз соли навро дӯст намедоранд, зеро он бӯи марги Парвизро медиҳад.
Се сол пеш гурӯҳи ҷавонон Парвиз Давлатбеков - як сокини шаҳри Душанберо, ки шаби Соли нав либоси Бобои Барфӣ дар тан дошт, куштанд. Ин куштор дар расонаҳо чун аломати тундрав шудани ҷомеаи Тоҷикистон маънидод гардид.
Як табиби тоҷик иддао дорад, ки Абуалӣ ибни Сино-файласуф, табиб, шоир ва донишманди ҷаҳонии тоҷику форсро ҳазор сол баъди маргаш "ҳоҷӣ" кардааст. Саидҷон Нодирӣ, ки худро аз шогирдони Сино медонад, ба ҷойи устодаш хонаи Худоро зиёрат кард.
Ёфтҳои бештар