Саидҷон Нодирӣ, пизишки тоҷик, баъди 40 соли пажӯҳиши зиндагӣ ва осори Абуалӣ ибни Сино, ба ҷои ин донишманди оламшумул адои Ҳаҷҷ намудааст.
Орзуи таҳсил дар хориҷа ва рӯзгори талхи бародари муҳоҷираш андеша ва рафтори бачаи замоне оворагарду душвортарбияро тағйир додааст.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар як нишасти хабарӣ гуфт, Бонки миллӣ шадидтар кардани муҷозоти саррофон барои бо нархи баланд фурӯхтани асъори хориҷиро пешниҳод кардааст.
Рӯзи ҷаҳонии маълулон дар Тоҷикистон бо баргузории намоишгоҳи ҳунари маъюбон таҷлил шуд ва соате чанд ин қишри ҷомеаро ба ҳам овард.
Дар Тоҷикистон ба камияш 23 "мардикорбозор" амал мекунад, аммо ҳеч ниҳоде то ба ҳол теъдоди мардикоронро ба таври дақиқ ҳисоб накардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ як сокини ҷавони шаҳри Турсунзодаро таҳти пайгард қарор додааст, ки барои захмӣ кардани Мафтуна Мурзаева, донишомӯзи ординатураи Донишгоҳи тиббӣ муттаҳам мешавад.
Cоҳибкорзанони тоҷик аз мушкилоту камбуди молӣ шикоят мекунанд, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои ахир сафи занони соҳибкор боз ҳам бештар шудааст.
Боло бурдани арзиши боҷҳои гумрукӣ боиси норозигии тоҷироне шудааст, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон имсолу соли оянда кунд боқӣ хоҳад монд ва ҳукумат бояд дар чунин шароит таъсиси ҷойҳои кориро дар меҳвар қарор диҳад.
Хирсе бо номи Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.
Аз хизмати як зани танфурӯш дар Тоҷикистон солона аз 1000 то 1500 нафар истифода мебаранд. Ин хулосаи як пурсиши тоза дар Тоҷикистон аст, ки миёни 400 танфурӯш анҷом шудааст.
Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки 70 дарсади мизоҷони занони танфурӯш дар ин кишвар ҷавонони то 25-сола мебошанд, ки аксар аз хатари бемориҳои ҷинсӣ огоҳ нестанд.
Мӯди аврупоӣ, ҳиҷоби исломӣ, либоси миллӣ ва омехтаи сабкҳои мухталифи аврупоиву миллӣ, шеваи либоспӯшиест, ки дар кӯчаҳо ва маъракаҳои Тоҷикистон ба чашм мерасад.
Марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳ қочоқчиён аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Намоишномаи "Иштибоҳ"-и коргардони тоҷик Нозим Меликов дар панҷумин ҷашнвораи байналмилалии театрии “АРТ-ОРДО”, ки ахиран дар Бишкек баргузор гардид, ҷоизаи - “Беҳтарин кори коргардонӣ”-ро ба худ ихтисос дод.
Бӯҳрони молӣ ва болоравии қимати молу маҳсулот дар бозор сокинони Тоҷикистонро сарфаҷӯ ва водор ба он кардааст, ки даромади моҳонаи худро фақат барои хариди маводи хӯрока сарф кунанд.
Сабаби барои бозбинӣ баргардондани тарҳи мазкур ин будаст, ки ба қавли вакилони парлумон лоиҳа ҳанӯз натавонистаст, барои фаъолияти шаффофи соҳибкорӣ дар кишвар заминаро фароҳам кунад.
Тоҷикистон дар қатори 10 кишваре қарор гирифтааст, ки сокинонаш дар гаштугузори шабонгоҳӣ эҳсоси хатар намекунанд.
Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ паёмадҳои заминларзаи 26 октябрро дар Тоҷикистон баён кард ва аммо гуфт, ҳоло маблағи ин хисорот ҳисоб нашудааст.
Ёфтҳои бештар