Дар ростои таҷлил аз Рӯзи дониш дар Тоҷикистон масъулони Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки савияи дониши хонандаҳо дар мактабҳои кишвар 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ мегӯяд, ширкатҳои ин кишвар ҳозиранд, ки дар давоми ду моҳи оянда камбудҳои боқимондаи нақби "Истиқлол"-ро, ки маркази ҷумҳуриро бо шимол пайваст мекунад, рафъ намоянд.
Журналисте, ки мехост мушкили беобии сокинони Душанберо матраҳ ва дар ҳалли он мусоидат кунад, акнун дар курсии ҷавобгар мешинад.
Рӯзи 25-уми август охирин мурофиаи догоҳии сарбозони рус сурат гирифт. Додситон аз додраси парванда Дмитрий Норвинд хост нисбати маҳкумшаванда Илдар Сахапов 14 сол ва Федор Басимов 18 соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм карда шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Илдар Сахапов ва Федор Басимов, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Раҳимҷон Тешабоев айбдоранд, аз 14 то 18 соли зиндон талаб кард.
Муаттара Ваҳҳобоваи 13-сола ҳамагӣ ним сол боз дар мактаби рассомӣ омадааст, вале алакай кору маҳсули эҷодаш дар қатори беҳтарин тасвирҳои кӯдакон аз даҳҳо кишвари дунё ҷой гирифтааст.
Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи “Харитаи зебоӣ” аз Тоҷикистон акси духтаре роҳ ёфтааст, ки аз ӯ дар ин харита “зеботарин кӯчарӯб” ном бурдаанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода мегӯяд, ки бо вуҷуди дастурҳояш барои беҳбуд бахшидани кори табибон ҳанӯз дар бораи бемасъулиятии баъзеи онҳо шикоят мегирад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази маҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва писари марҳум Пайванди Гулмуродро ба ҷурми сохтакории ҳуҷҷат 2 сол зиндонӣ кард.
Як пажӯҳиш нишон додааст, ки маоши кормандони ширкатҳои мухобиротӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар Қирғизистон дар муқоиса ба музди меҳнати ҳампешаҳои тоҷикашон ду баробар бештар будааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии худро баргузор хоҳад кард, ки дар он тағйироти кадрӣ дар ин ҳизб, бахусус ивази раҳбар, матраҳ хоҳад шуд.
Сар аз имрӯз дар саросари Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ оғоз шуд ва 74 ҳазор довталаб барои 42 ҳазор курсии донишҷӯӣ, рақобат мекунанд.
Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод карданд, ҷазо барои омилони шиканҷа сахттар шуда, онҳо мавриди афв қарор нагиранд.
Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 24−уми июн дар ҳузури хабарнигорон натоиҷи омӯзишҳои мизони фақр дар Тоҷикистон ва шеваи нави муайян кардани онро муаррифӣ кард.
Саидумар Ҳусайнӣ, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 22 июн дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз фишор болои ин ҳизб ва аъзояш сухан гуфта, дар масъалаи тағйири номи ҲНИТ низ сӯҳбат кард.
Пизишкони тоҷик мегӯянд, дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 байни захмиён фарқе намегузоштанд ва ба ҳарду тараф кӯмак мекарданд. Аммо “бо дидани ҳар захмӣ мегуфтанд, "Худоё кай ин рӯзҳо мегузарад?”
Нишасти Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав ҷамъ омадаанд.
Раҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Маркус Мюллер, мегӯяд, нақши ин ниҳод дар Тоҷикистон камранг нашуда, балки тағйир кардааст ва бахше аз корҳои он "бе шӯру ғавғо" анҷом дода мешаванд.
Волидони чор марзбони тоҷик, ки аз асорати Толибон раҳо шудаанд, ба дидори фарзандони худ расиданд. Онҳо гуфтанд, эҳтимол баъд аз ташхиси вазъи саломатӣ писаронашонро ба онҳо супоранд.
Ёфтҳои бештар