Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2015” дар шаҳри Душанбе бо нахустнамоиши “Бухорои шариф” ба кори худ оғоз кард.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз тоҷирон хостааст, дар остонаи моҳи Рамазон, ки имсол 18 июн меояд, нархи маҳсулоти ғизоиро боло набурда ва сокинонро ҳам дар вазъи ногувор нагузоранд.
Маҳфили таҳлили “Ҷаҳони андеша”и Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни як пажӯҳиш мегӯяд, сарнавиштгароӣ ва тақдирпарастӣ монеаи рушд аст.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки даҳсолаи дувуми об эълон шавад. Аз ин пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Навоз Шариф ва Темур Сариев - сарвазирони Покистону Қирғизистон ҳимоят карданд.
Ҳамоиши "Занон ва об" дар ҳошия конфронси байналмиллалии "Об барои ҳаёт" рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Душанбе бургузор шуд. Дар ин конфронс зикр гардид, ки бо вуҷуди дар саргаҳи обҳои минтақа қарор доштани Тоҷикистон ҳоло ҳам 40 дарсади аҳолии ин кишвар аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон субот дар марзи ду кишвар ва мубориза алайҳи ифротгароиро баҳс кардаанд.
Рӯзи 5 июн дар Бустонсарои ҳукумати Тоҷикистон нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шайхай баргузор шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 5 июн дар "Қасри Миллат" бо вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мулоқоту гуфтугӯ намуд.
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ тасмим гирифтанд, сомонаҳоеро, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби шаҳрвандон аз он истифода мекунанд, қатъ кунанд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, нишасти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Русия дар масоили муҳоҷират оғоз ба кор кардааст.
Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ) ҷараёни Салафияро хатаре ба суботу амнияти кишвар хонд ва минтақаҳои фаъолияти бештари пайравони онро ном бурд.
Раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия дар нишасти Душанбе гуфт, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, "Давлати исломӣ" аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир ба по меистад.
Сардори раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки қазоват кардан дар бораи гӯё ба Сурия рафтани Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН, пеш аз вақт аст.
Дар ҷаласаи солонаи саҳмдорони Роғун сармояи оинномаваии ин нерӯгоҳ ба андозаи 2 миллиард сомонӣ боло бурда шуд. То кунун сармояи оинномавии Роғун беш аз 12 миллиард буд ва бо пешниҳоди раёсати ҷамъият ба 14 миллиард сомонӣ ҳудуди 2 миллиард доллар расонида шуд.
Вазири дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тавони муқобила бо ҳаргуна таҳдидҳо ва хатароти ношӣ аз хориҷ, ба хусус аз Афғонистонро доранд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, давоми 8 соле, ки дар мактабҳо либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ аст, нобаробарӣ байни хонандаҳои дорову нодор то андозае аз байн рафта ва адолати иҷтимоӣ таъмин шудааст.
Рӯзи 8-уми май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, аҳамияту арзиши ин сана бо гузашти солҳо ва махсусан вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни олам дар ҳоли афзоиш аст.
Раҳбарони Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфтанд, озмуни қориёни то 25-солаи Қуръон дар Душанбе бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон ба поён расида, ба ҳар кадом ғолиби ҷои аввал дар панҷ бахш 6 500 сомонӣ дода шуд.
Паради низомӣ ба муносибати 70-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Тоҷикистон имсол як рӯз қабл аз таҷлили Рӯзи Ғалаба ва бо ширкати 2 ҳазор нафар аз ҳарбиёни тоҷику рус сурат гирифт.
Ёфтҳои бештар