Бозии футбол миёни тимҳои “Пайванд” ва “Пайвандсоз”, ки шоми 6-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 4-3 бар фоидаи футболбозони “Пайванд” хотима ёфт. Ҳарду даста ҳам футболбозони ҳирфаӣ нестанд, бозӣ ҳам дар нимамайдон баргузор шуд ва мухлисон ҳам аз 10 нафар беш набуданд.
Пурсиши сарироҳии хабарнигори "Озодӣ" дар Душанбе нишон дод, ки баъзе аз ҷавонон рӯзи якуми майро ба унвони рӯзи кӯдакон ва бархе ҳам ба унвони рӯзи деҳқонон ҷашн мегиранд. Иддаи каме гуфтанд, ки 1 май рӯзи меҳнаткашон аст.
Сар аз 1-уми май дар Бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе танҳо хӯрокворӣ, сабзавот ва меваи тар ба фурӯш хоҳад рафт. Фурӯши либос, маҳсулоти саноатӣ ва хушкмева дар ин ҷо манъ шуд.
Дар як гӯшаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи аксу мусаввараҳои таблиғотии Ҷанги Бузурги Ватаниро (1941-1945) таъсис ёфт, ки аз ин пас ба таври доимӣ фаъолият хоҳад кард.
Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, бар асоси шикояти сокинон ду маъмури пулис аз Суғду ноҳияҳои тобеи марказ барои маҷбур кардани сокинон барои тарошидани ришашон ҷазо гирифтаанд.
Наталя Морозова ва Наташа Сидникова, ду духтари ҷавони рус, ки дар Донишгоҳи забонҳои Маскав тоҷикӣ меомӯзанд, гуфтанд, назарашон нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ва ватани онҳо тағйир кардааст.
Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.
Сарони Бонки Миллии Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои бузург ва соҳибкорону коршиносон дар Душанбе амалкарди барномаи зиддибӯҳронии ҳукуматро баррасӣ мекунанд.
Аввалин бор имсол Тоҷикистон ҳам ба маъракаи байналмилалии "диктанти саросарӣ" мепайвандад ва, қарор аст, ҳудуди 500 нафар саводи хаттӣ ва русидонии худро бисанҷанд.
НАНСМИТ аз камбуди амнияти кибернетикӣ, афзоиши рахна ва дуздии ҳуввият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамин тавр гӯш карда шудани сӯҳбатҳои телефонии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кард.
Барномаи рушди СММ бо муаррифии як таҳқиқоти худ таҳти унвони “Тоҷикистон ва дастрасии захираҳои рушди инсон дар соли 2014” мегӯяд, 83 дарсади аҳолии ин кишвар ба сармояҳои муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ доранд.
Падари Меъроҷиддин Шодиев, яке аз чаҳор сарбози ба асорати Толибони Афғонистон афтода нигарон аст, ки талоши мақомот барои раҳо кардани сарбозон бенатиҷа меанҷомад.
3 апрел дар пойтахти Тоҷикистон як нишасти байналмилалӣ ба арзёбии таҳдиди ифротгароии исломӣ ба давлатҳои дунявӣ ва ҷавонон ихтисос дода шуд. Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ ин мавзӯъро шарҳ дод.
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз фарзандони мансабдорони тоҷик ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ шомил нашуда ва ё ба ҷиҳод нарафтааст.
Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордодро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси амалкунандаи САҲА кӯмак ба беҳбуди вазъи амниятии Осиё Марказӣ ва мусоидат ба ҳалли масоили мавҷудаи минтақаиро аз ҳадафҳои аслии ин созмон арзёбӣ кард.
Мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, қи қарор аст ин ҳафта дар Душанбе доир шавад, баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа, хоҳад буд.
Хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маҳмудҷони Раҳматзода ва Орзуи Карим барандагони озмуни Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) эълон шуданд.
Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, пешниҳоди бастани ҳизби онҳо дар намози ҷумъа фармоишист. Рӯзи ҷумъа баъзе имомхатибон хостанд, ҲНИТ барҳам дода шавад.
Гуфтугӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ бо яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода дар бораи наврӯз ва ойинҳои наврӯзии сокинони Яғноб.
Ёфтҳои бештар