Агар бисёре аз сокинони Тоҷикистон барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ҳамагӣ як моҳ ё кам ва ё бештар аз он омодагӣ гиранд, дар Душанбе манзиле ҳаст, ки дар он ҷо ҳар рӯз Наврӯз ҳукмфармост.
Модари Муаттара Ҷӯраева 9 сол ҳукми зиндони ин наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистонро бо ҷурми қаллобӣ қабул надорад.
Бонки миллӣ бо дархости саррофон қурби доллар дар баробари сомониро таъин кардааст. Ба қавли масъулон, 100 доллар ба ивази 628 сомонӣ харида ва ба ивази 630 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Оё дар Тоҷикистон танҳо бо маош метавон зиндагӣ кард? Ва оё барои таъмини зиндагии шоистаи як хонавода маош бояд чӣ қадар бошад? 500 сомонӣ? 1000? 2000? Ё..?
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11 март барандагони ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ дар миёни журналистони тоҷикро эълон кард.
Қурби доллар дар дӯконҳои саррофии Тоҷикистон аз марзи 6 сомонӣ гузашт. Дар як соли охир қурби сомонӣ нисбат ба доллар аллакай 30 дарсад коҳиш ёфтааст.
Гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар бораи натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва паёмадҳои он.
Нозирон аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ номидаанд.
Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи Тоҷикистон дар як шароити маҳдуди сиёсӣ гузашт. Аммо нозирон аз СНГ ва созмони Шанхай ин маъракаро демократӣ номиданд.
Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ, ҲНИТ ва ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон бе ҷой монданд. Ин бор ҳизби сотсиалист ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров барои бори якум вориди парлумон шуд.
Дар як мизигирди вижаи Радиои Озодӣ намояндагони аршади 5 ҳизби сиёсӣ корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистонро натиҷагирӣ карданд.
Мақомоти тоҷик барои нахустин бор ба таври расмӣ посух доданд, ки чаро афюнро месӯзонанду нобуд мекунанд ва онро дар соҳаи тандурустии кишвар истифода намебаранд.
Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷик, ки 105 рӯзро дар Яман дар асорат ба сар бурдааст, рӯзи 21-уми феврали соли 2015, баъд аз ҳалли мушкили шиносномааш аз тарафи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, тавонист аз Яман ба Душанбе баргардад.
Парастори тоҷик Гулрухсор Рофиева, ки 105 рӯз дар Яман асир буд ва субҳи имрӯз ба Тоҷикистон баргашт, дар роҳ ба сӯи зодгоҳаш Панҷакент ба як мусофир, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб дида буд, ёрии аввалияи тиббӣ расонидааст.
Бонки Ҷаҳонӣ ва Муассисаи Молии Байналмиллалӣ ё International Finance Coporation, ки узви Бонки Ҷаҳонӣ ба шумор меравад рӯзи 20-уми феврал барномаеро таҳти унвони “Саводнокии молиявӣ - ба ҳар оила!” муаррифӣ карданд.
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа наздик ба 600 килограм маводи мухаддирро, ки давоми соли 2014 кашф ва мусодира шудаанд, ба оташ заданд.
Мақомоти маорифи Душанбе мехоҳанд, дар мавриди гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ба занони коргар имтиёз бидиҳанд. Ин "қоида" занони дигарро нигарон кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 16 феврал қарори ҳабси пешакии Саидмаҳдихон Сатторов, мулаққаб ба "Шайх Темур"-ро содир кардааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳе дар пойтахт қарор дорад. То ин дам дар "ҳабси хонагӣ" дар Турсунзода буд.
Як хонандаи синфи даҳуми литсейи инноватсионӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон “робот”-еро сохтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо се забон гап зада, ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекунад.
Ҳукумати Амрико барои таъмини амният ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон солона 30 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Ёфтҳои бештар