Сафири Эрон дар Душанбе ҳангоми сӯҳбаташ дар мавриди эронситезӣ ва исломҳаросӣ гуфт, Тоҷикистон бояд дӯстро аз душман фарқ кунад. Вай ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 9 феврал баён дошт.
Табибони зоишгоҳи рақами 3-и пойтахт мегӯянд, барои бори аввал дар таърихи ин бемористон кӯдакони чоргоник чунин сиҳату саломат ба дунё омаданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Гулшан Маҷнуноваи 26-сола, ки рӯзи 30-юми январ чаҳор кӯдак ба дунё овард, як хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ 13 тани онҳоро ба қайд гирифта, 9 нафарашонро аз феҳристи ҳизбӣ берун кард.
Дар Тоҷикистон, ки зоҳиран ҳеҷ наметавонанд давое барои ҷилавгирӣ аз афзоиши талоқ пайдо кунанд, ҳамакнун мавзӯи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ ва ба ин васила қонунӣ кардани маҳри арӯс рӯ задааст.
Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ҷониби Узбакистон ба номаи ӯ дар масъалаи азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳол ҷавоб надодааст.
Шумораи хонандагони гимназияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон имсол 382 нафар кам шудааст. Масъулон кам будани ҷои нишастро далел меоранд, вале нозирони умур мӯътақиданд, ки мушкил хеле амиқтар аст.
Ҷавонон дар ҷомеаҳои дигар ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ вокуниш нишон медиҳанд ва ба шевае мавқифи худро дар баробари он рӯшан менамоянд. Аммо ҷавонон дар ҷомеаи Тоҷикистон бар баробари ин гуна ҳаводис ва таҳаввулот чӣ мавзеъгирӣ доранд?
Масъулони Вазорати фарҳанг мегӯянд, якҷоя бо Вазорати адлия талош доранд, пеши роҳи овозхонҳои “кӯчагӣ”-ро бигиранд. Овозхонҳое, ки ба гуфтаи онҳо обрӯи миллатро дар дохилу хориҷ “мерезонанд”.
Як масъули раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар хушкшавии шоҳбулутҳои белгиягӣ мақомоти Узбакистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, ҳангоми интиқол шоҳбулутҳо дар қаламрави Узбакистон дармонда, решаҳояшон осеб дидааст.
Фоҷиаи марги чаҳор кӯдак ва модари онҳо аз дуди заҳрогини ангишт садҳо нафарро дар Тоҷикистон такон дод ва андешаҳоеро сари амнияти истифодаи бухориҳо ба миён овард.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин барномаи амалашро барои баргузории интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 қабул кард.
Қонун дар бораи танзими расму оин, хароҷот барои издивоҷи ҷавононро камтар кардааст ва ҳамингуна заминаро барои афзоиши таваллуд дар кишвар ҳам мусоид кардааст.
Дар Тоҷикистон як таҷрибаи иҷтимоӣ ҷараён дорад, ки ин ҳам омӯзондани аглисӣ ба мардум аз тариқи филму наворҳои телевизионист. То куҷо он комёб хоҳад буд?
Рӯзи 20 ноябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи серӯзаи Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” оғоз шуд, ки дар он беш аз 40 ширкату созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат доранд.
Дар Тоҷикистон сандуқи вижае бо номи Фонди маблағгузории сабз таъсис ёфтааст, ки ба хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд барои харидории асбобҳои гармидиҳӣ ва дастраскунандаи энержӣ, ҳамчунин барои хариди дару тиреза ва бомпӯшҳои гарминигоҳдоранда қарз медиҳад.
18 ноябр аз таъсиси медиа-гурӯҳи “Чархи Гардун”, нахустин ширкати расонаӣ дар фазои матбуоти Тоҷикистон 20 сол пур шуд.
Рӯзи 17 ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” оғоз ёфт. Тайи 4 рӯз ҷавонони тоҷик дар ин марказ бо имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ошно мешаванд.
Рӯзи 17 ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” дар Тоҷикистон бо баргузории намоишгоҳи муассисаҳои таълмиии кишварҳои хориҷӣ, ба хусус ИМА ифтитоҳ шуд.
Инқилоби октябр, ки ба як рӯзи баъд аз солгарди Сарқонуни Тоҷикистон рост меояд, тақрибан аз ёдҳо рафтааст ва ҳоло танҳо аз сӯйи комунистони тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Ёфтҳои бештар