Рӯзи 5 ноябр ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон дар "Кохи Борбад" ҷаласаи тантанавӣ барпо шуд. Хабарнигори Озодӣ баъди ин ҷаласа назари чанде аз иштироккунандагонашро пурсидааст.
Ҳоло дар артиши Тоҷикистон даҳҳо сарбози соҳиби маълумоти олӣ хидмат мекунанд. Дар яке аз қисмҳои низомӣ хабарнигорони Озодӣ сарбозеро бо лақаби "Американетс" пайдо карданд, ки 5 сол дар Амрико зистааст ва ба англисӣ равон сӯҳбат мекунад.
Дар артиши Тоҷикистон шумори сарбозоне ки баъди хатми мактаби олӣ ба хидмати низомӣ меоянд, рӯ ба афзоиш додааст. Бисёриҳо ба хотири ҳамвор кардани роҳи карйераи худ баъди хатми донишгоҳ ба артиш мераванд.
Субҳи 3 ноябр бар асоси қонуни авф тақрибан 800 маҳбуси нахустин аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд. Интизор меравад, дар ин афв то 10 000 зиндонӣ ва афроди таҳти таъқибу тафтиш ба озодӣ бирасанд.
То рӯзи 28 октябр хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон 316 900 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки баробари 77,7 дарсади нақшаи имсола мебошад.
Қурби пули миллӣ -- сомонӣ рӯз ба рӯз дар баробари асъори хориҷӣ, хусусан доллар ва евро поин меравад.
Филми пурмасрафи коргардони тоҷик Сафарбек Солеҳро, ки давоми панҷ сол наворбардорӣ шудааст, киношиносон филми мондагор ва хеле муҳим барои таърихи синамо унвон мекунанд.
Ҳоҷиёни тоҷик аз нахустин нафароне буданд, ки дар роҳи бозгашт аз Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба манзури доштан ё надоштани вируси Эбола мавриди ташхис қарор гирифтанд.
Ҳайати ҳакамони Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” ҳангоми натиҷагирӣ аз он ба се филм ҷоизаи аслӣ ва ба яке дигар ҷоизаи тамошобинро тақдим карданд.
Баъд аз зӯҳри 16 октябр дар бинои хобгоҳи воқеъ дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, забонаи оташ ба ошёнаи чоруми ин бино печидааст. Иллати сӯхтор ҳанӯз маълум нест.
Синамобазми байналмилалии «Дидор-2014» дар шаҳри Душанбе бо намоиши филми мустанади “Комил”, ки дар бораи асосгузори синамо дар Осиёи Миёна ҳикоят мекунад, оғоз ёфт.
Оё ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тазоҳуроти баргузорнашудаи рӯзи 10 октябр чӣ сабақу чӣ паём гирифт? Ин рӯйдод оё боиси боз ҳам тангтар шудани ҳалқаи таъқибот алайҳи дигарандешон хоҳад шуд баҳонае барои оғози як ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир?
Ронандагони мошинҳои боркаш шикоят доранд, ки масъулони ширкати IRS барои бори изофӣ дар нуқтаҳои пулчинии роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ аз онҳо "ҷарима"-и зиёд меситонанд.
Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири собиқи Эрон дар Душанбе, аз ҷанги дохилии Тоҷикистон ва нақши тарафҳо дар барқарории сулҳ ёдоварӣ кард ва гуфт, ин неъмат ба осонӣ ба даст наомадааст.
Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр зимни қироати ҳалномаи Додгоҳи олӣ гуфт, ки “бо пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон созмони “Гурӯҳи 24” ҳаракати ифротӣ дониста шуда ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда мешавад.”
Дар Душанбе барои супурдани имтиҳони забони русиву таъриху фарҳанги Русия, ки аз моҳи сентябр барои муҳоҷирони талабгори кор дар Русия ҳатмӣ шудааст, ду маркази вижа боз кардаанд.
Усмоналӣ Латифӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, дар Душанбе барои супурдани имтиҳони забони русиву таъриху фарҳанги Русия ду маркази вижа боз кардаанд.
Ёфтҳои бештар