Дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе, ки рӯзи 2-3-юми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 61 интишороти дохилӣ ва 17 интишороти хориҷӣ 6710 номгӯи китобҳои нашрнамудаи худро ба маърази тамошо ва ба фурӯш гузоштанд. Интишороти хориҷӣ аз 9 кишвари дуру наздик, аз ҷумла Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, ИМА, Русия, Чин ва чанд кишвари дигар ташриф оварданд. Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе аз соли 2001 инҷониб баргузор мегардад.