Субҳи ҳаштуми октябр, баъд аз чанд моҳи интизорӣ, дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат борида ва чангу ғубореро, ки рӯи барги дарахтон ва хиёбонҳо “хона" карда буданд, шуст. Ин нахустин борони тирамоҳи имсола низ ҳаст.
Баъди боронҳои пай дар пай ва сардии баҳори имсола ҳудуди 5-6 моҳи охир дар манотиқи кишвар боридани боронро интизор буданд ва ҳатто дар баъзе аз навоҳии кишвар сокинон намози дастҷамъӣ гузошта, аз Худованд борон хостанд. Ин дар замоне буд, ки гармои тобистон оби баъзе аз чашмаҳову рӯдҳоро кам карда, сокинон барои бурдани об то замини кишташон бо мушкил мувоҷеҳ буданд.
Аз муассисаи обуҳавошиносии кишвар мегӯянд, рӯзи 8 октябр дар Душанбе ҳаво абрӣ боқӣ монда, борон меборад. Тибқи иттилои ин муассиса, субҳи 9 октябр ҳам ҳавои абрӣ, борон ва дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, дар ин рӯзҳо аз сафар ба манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.
Аммо дар рӯзҳои баъдӣ то аввали ҳафтаи дигар ҳаво офтобӣ ва аз 8 то 18 дараҷа гарм хоҳад шуд.