Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 сол 1000 пиряхи Тоҷикистон об шудааст (ВИДЕО)


Тибқи иттилои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, дар даҳ соли охир наздик ба як ҳазор пирях дар қаламрави ин кишвар аз байн рафта, раванди обшавии пиряхҳо идома дорад.

Абдурашид Тағойбеков, як масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 8 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ паёмади обшавии пиряхҳоро барои иқтисоди кишвар номатлуб донист: «Дар сурати обшавии зиёд камбуди об дар дарёҳо мушоҳида мешавад ва дар ин ҳол мушкили об мушоҳида мешавад. Мутахассисон омӯзиш гузаронида истодаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо мебошад.»

Ҷаноби Тағойбеков бо таваҷҷуҳ ба таҳлилҳои чандинсолаи Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, ки на танҳо кишвар, балки ҳамаи минтақа бояд ба камобӣ ва офатҳои табиии марбут ба об, омодагии бештар дошта бошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Зайниддин Мӯсоев, пиряхшиноси тоҷик ва устоди факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати гармшавии иқлим, аввал пиряхҳои хурд об мешавад ва сипас обшавии пиряхҳои калон оғоз мегардад.

Ҷаноби Мӯсоев мегӯяд, ки обшавии пиряхҳо мушкили Тоҷикистон набуда, балки мушкили глобали аст, ки пешгирӣ аз он кори осон нест ва натиҷаи хуб надорад: «Худо нишон надиҳад, ки дар сурати ҳамин тарз кам шудани обшавии яхҳо ва камшавии об дар Осиёи Маркази ниҳоят душвор мешавад. Бе ин ҳам ҳоло мо ба чашми якдигар дуруст нигоҳ намекунем. Ваъзияти сиёси гиолопалити вайрон мешавад. Дар мавриди ваъзияти иқтисодӣ дар аввал аст.»

Ҳамзамон Зайниддин Мӯсоев мегӯяд, бо он ки дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ кам ҳастанд ва фаъолияти хубе надоранд, вале рушди корхонаҳои саноатӣ дар кишварҳои наздик ба Тоҷикистон дар обшавии пиряхҳо таъсири худро мерасонад: «Корхонаҳои дигар мамлакатҳо метавонанд, ки барои обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон таъсир расонад. Аз ҷиҳати назарияви ин ҳақиқат дорад ва дар Тоҷикистон самти ғарбии бодҳо ҳаст, ки дар минтақаи ғарб мамлакатҳои мутараққӣ аст ва дорои корхонаҳои зиёди саноатӣ ҳастанд.»

Аз сӯи дигар, бархе аз мутахассисони соҳа бар ин боваранд, ки обшавии пиряхҳо ба камшавии оби ширин оварда мерасонад. Шоҳимардон Содиқов, устоди риштаи туризм ва таълими ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «гармшавии изофии замин мешавад ва дар натиҷа тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меояд, албата ин дар пиряхҳои Тоҷикистон, ки пиряхҳои кӯҳӣ ё водигӣ ҳастанд, таъсири манфӣ мерасонад ва ба кам шудани манбаи обӣ мерасонад. Дар минтақаҳои поёноб таъсири бештар мерасонад.»

Ба ин хотир ҷаноби Содиқов дар мавриди ҷилавгирӣ аз обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки бояд ин проблема дар сатҳи минтақа бо даъвати олимони зистмуҳитӣ, ҷуғрофӣ ва иқлимшиносӣ баррасӣ шавад, «ин проблемаи глобалӣ аст ва проблемаи як Тоҷикистон нест ва барои пешгирӣ аз ин бояд ҳамкории дастаҷаъмонаи якчанд кишварҳо ҳаст, ки бояд дар якҷоягӣ аз оқибатҳои нохуши он бояд пешгирӣ кунем.»

Дар ҳамин ҳол масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар баробари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон инчунин ҳаракати пиряхҳо, ки дар даҳ сол як маротиба ҳаракат мекунанд, мушоҳида мешавад. Ин гуна ҳаракат дар соли 2011 дар пиряхи Хирсон, дар ноҳияи Ванҷ мушоҳида шуд, ки то имрӯз як километр ҳаракат кардааст ва дар натиҷаи ҳаракат кардан кӯлҳои сунъи пайдо шуда ва роҳу пулҳоро вайро кардааст. Илова бар ин, ҳаракати пиряхи Хирсон маҷрои дарёи Абуқаҳҳорро бастааст, ки хатари рахнашавии он вуҷуд дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки обшавии пиряхҳо ва ҳаракати онҳо натанҳо дар Тоҷикистон камбуди обро дар обанборҳо ва дарёҳо ба миён меоранд, балки дар Осиёи Миёна мушкили об мушоҳида хоҳад шуд.

Зимнан, дар Тоҷикистон беш аз 8000 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки дар онҳо обшавӣ дида мешавад ва ба гуфтаи коршиносон, обшавии пиряхҳо мушкили глобалӣ мебошад, ки бояд сари вақт ҷилавгирӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мавриди обшавии пиряхҳо ва хатари он дар Маҷмуъаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар соли 2009 суҳбат карда буд, вале бо гузашти солҳо ҳанӯз тадбире барои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо гирифта нашудааст.

Агарчи дар Тоҷикистон дар мавриди паёмади расида аз обшавии пиряхҳо, ки дар натиҷаи хушксолӣ ва камбуди обро меорад, гузориш нашудааст, вале мушкили оби ошомиданӣ дар миёни аҳолӣ дида мешавад. Ба гузориши Вазорати мелоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон 57 дар сади мардуми ин кишвар аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG