Сайфуддин Гулмадов, ки ҳоло ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар мактаб-интернати рақами 55-и ноҳияи Варзоб кор мекунад, чор соли пеш бо даъвати мақомот ба он ҷо рафтааст. Ӯ мегӯяд, он замон масъулони ноҳияи Варзоб ваъда дода будаанд, ки дар тӯли ду сол барояш қитъаи замин ҷудо мекунанд, вале ҳанӯз ба қавлашон вафо накардаанд. “Соли 2010 ба ҳукумати ноҳияи Варзоб барои ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил ариза навишта будам. Ваъда ин буд, ки дар ду сол бояд замин мегирифтам. Аммо то ба ҳол замин нагирифтаам ва аризаи ман дар баррасии мақомот қарор дорад. Умедворам, имсол замин диҳанду ҳамроҳи хонаводаам як манзил бунёд кунам”,-гуфт ин омӯзгори тоҷик.
Хабарнигори “Озодӣ” дар остонаи таҷлил аз рӯзи омӯзгор дар Тоҷикистон, ки ҳар сол 5 октябр таҷлил мешавад, бо муаллим Гулмадов суҳбат кард. Оқои Гулмадов мегӯяд, худ дастпарвари мактаб-интернат аст ва бо фаъолияташ дар он ҷо мехоҳад, қарзашро дар назди ҷомеа иҷро бикунад. Ҳоло ӯ ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе иҷоранишин аст ва чор сол боз дар ду ҷо - дар мактаби рақами 55-и Варзоб ва 94-и Душанбе ба хонандагон аз забони англисӣ таълим медиҳад.
Сайфуддин Гулмадов мегӯяд, шогирдони рустоиаш дар муқоиса ба толибилмони шаҳрӣ майли бештаре барои омӯзиши забони англисӣ доранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, аксари хонандагон дар деҳот орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои пойтахтро доранд ва аз ин рӯ бештар барои омӯхтан талош мекунанд, то ба ҳадафашон бирасанд.
Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, дар тӯли ҳафта ҳамагӣ ду рӯз дар мактаби деҳа машғули тадрис мешавад ва даҳҳо шогирдаш ба назди ӯ омада, дарси иловагӣ мегиранд. “Дар мактаби деҳа мо синфхонаи лингофонӣ, ки барои таълими забони хориҷӣ муҳим аст, надорем. Аммо дар мактаб компютер ҳаст, ки тариқи он баъзе маводи таълимии тасвирӣ ва садоиро мешавад ба хонандагон нишон дод. Вале мо рӯзона дар вақти дарс барқ надорем. Бинобар ин, бархе аз шогирдон баъд аз дарс бегоҳӣ дубора ба мактаб моянд ва мо тариқи компютер баъзе филмҳои тасвирӣ ва дигар маводи таълимиро бо забони англисӣ ба онҳо нишон медиҳем”,-таъкид дошт ӯ.
Аммо муаллим Гулмадов аз он нигарон аст, ки шогирдонаш ҳоло шартан ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд, ки яке барои омӯхтан зиёд талош мекунад ва дигарӣ танҳо ба зӯри бозуи худ умед дорад ва бовар дорад, ризқу рӯзиашро дар оянда аз тариқи меҳнати ҷисмонӣ дарёфт мекунад: “Як гуруҳ шогирдоне ҳастанд, ки дар сар орзуи муҳоҷират ба Русияро доранд ва онҳо барои хондан рағбати чандоне нишон намедиҳанд. Ҳастанд ҳамчунин нафароне, ки ҳамаи аъзои оилаашон ба ягон намуди тиҷорат, боғпарварӣ ва ё чорводорӣ машғул ҳастанд. Шогирдон маъмуалн аз ин қабил оилаҳо низ ба хондан майл надоранд, чунки роҳи дарёфти рӯзиашонро дар оянда аз ҳисоби ҳамон шуғли хонаводагиашон мебинанд.”
Гулмадов мегӯяд пешаи омӯзгорӣ ҳоло як касби мушкил, аммо чун даргузашта пурифтихор нест. Бисёр иттифоқ меафтад, ки дӯстону ҳамсабақони мактабиаш аз ӯ мепурсанд, ки чаро ҳуқуқшинос ва ё иқтисоддон нашуд, то ҷои кори хубе пайдо кунаду маоши зиёдтар бигирад. Аммо Сайфуддин Гулмадов мегӯяд, вай аз хурдӣ орзуи муаллим шуданро дар сар мепарварид ва ҳанӯз дунболи орзуяш меравад. Ӯ дар чунин ҳолатҳо бештар ин суолро дар миён мегузорад, ки “агар ман ва садҳо мисли ман ҷавони дигар муаллимӣ накунанд, кӣ ба фарзандони ин миллат дарс мегӯяд?”