"Пурсиш дар мавриди нуфузи Чин"
Як манбаи наздик ба додгоҳ рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ба “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. “Парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июл, дар доираи парвандаи “талоши табаддулот” ва “ғасби қудрат” боз кардааст,” – афзуд мусоҳиби мо.
Ба қавли манбаъ, ки ба далели амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ кард, Рухшона Ҳакимова аз оғози муҳокимаи парвандаи “талоши табаддулот” дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ҳузур дорад. Рӯзи 22-юми ноябр дар баробари амакаш, Шокирҷон Ҳакимов, айбномаи ӯ низ шунида шудааст. Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ҷузъиёти он барои расонаҳо дастрас нест.
Як манбаи наздик ба тафтишот ҳанӯз дар нимаи моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфт буд, ки Додситонӣ Рухшона Ҳакимоваро ба он муттаҳам кардааст, ки дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон як пурсиш гузаронда, баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он назар додаанд.
Ҷузъиёти назарпурсӣ ва суолҳои он чӣ будаанд, манбаи мо изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфта натавонист, ки ба ҷуз пурсиш дар мавриди нуфузи Чин қазияи Ҳакимова ба парвандаи “талоши табаддулот” иртиботи дигаре дорад ё не. Инчунин ошкор нест, ки оё ин пурсиши афкор вокуниши тарафи Чинро ба миён овардааст ва чаро он бояд заминаи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” шуда бошад.
Пурсишҳои афкор дар масъалаҳои гуногун дар Тоҷикистон зиёд баргузор мегарданд, аммо асосан дар мавзуъҳои иҷтимоӣ ва камтар ба масъалаҳои сиёсӣ дахл менамоянд.
"Дар озодист, вале ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд"
Худи Рухшона Ҳакимова аз шарҳи ҳама гуна ҷузъиёти марбут ба парвандааш ба расонаҳо худдорӣ мекунад. Вакили мудофеи ӯ низ барои хабарнигорон ва расонаҳо дастрас нест. Мӯҳри “махфӣ" ба парванда аз расонаӣ шудани маълумоти дақиқ дар бораи он пешгирӣ мекунад ва заминаи овозаҳо ва иттилое мешавад, ки тасдиқи пурраи он ғайриимкон аст.
Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар давраи тафтиши парванда ва ҳоло низ ба далели кӯдаки ширхора (5-моҳа) доштани Рухшона Ҳакимова ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ аст. Мусоҳиби мо афзуд, ҳама асноди Ҳакимова, аз ҷумла шиноснома ва гузарномаи ӯ, аз сӯйи мақомот мусодира шудааст.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва баъзе аз созмонҳои байнулмилалии рӯзноманигорӣ кор кардааст. Соҳиби ду фарзанд аст.
Ҷаласаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта, ки дар “талоши табаддулот”, “хиёнат ба ватан” ва “ғасби қудрат”-у иттиҳомоти дигар гумонбар дониста мешаванд, 14-уми ноябр пушти дарҳои баста, бидуни ҳузури наздикони боздоштшудаҳо ва намояндагони расонаҳо оғоз шуд.
То кунун айбномаи
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ,
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ,
Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои собиқи амният,
Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон,
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ,
Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ ва
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шунида шудааст.
Айбномаи онҳо аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абад бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад. Ин афрод тобистони имсол аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудаанд.