Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паси боздошти Шокирҷон Ҳакимов чӣ ниҳон аст?


Дар акс: Фарҳод Одинаев, Мирзонабии Холиқзод ва Зафари Сӯфӣ
Дар акс: Фарҳод Одинаев, Мирзонабии Холиқзод ва Зафари Сӯфӣ

Боздошти Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки зиёиёну хабарнигорони тоҷикро такон дод, чӣ сабабу пайомад дорад?

То куҷо ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ, ки ба "кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ" муттаҳам мешавад, иртибот дорад? Ё фақат идомаи сиёсати саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон аст?

Мавзӯи барномаи "Гапи озод" ҳамин аст ва меҳмонон - Зафари Суфӣ, рӯзноманигори муқими Фаронса ва Фарҳод Одинаев, фаъоли мадании тоҷик дар Олмон - ҳастанд.

Иқтибосҳо аз барнома:

Зафари Сӯфӣ: “Табиист, ки боздошти Шокирҷон Ҳакимов ё ҳар нафаре мисли Шокирҷон Ҳакимов дар Тоҷикистон бевосита ё ғайримустақим ба сиёсати саркӯбгаронаи ҳукумат иртибот мегирад. Ҳоло ба ҳар далел, чӣ ба ҳар парвандае васл мекунанд ё чӣ мустақил. Албатта, додситони кул дар нишасти матбуотиаш як тариқе иртиботашро ба парвандаи ба ном сохтаи Саидҷаъфар Усмонзода эълон кард. Ба назари ман, асли ин парванда худ сохта аст, чӣ аз Усмонзода, ё ҳар каси дигар, чун инҳо дар робита бо кудато хоб намедиданд. Ё агар хоб медиданд, метарсиданд, чӣ бирасад дар бедориашон. Ин ки як нафаре мисли Шокирҷон Ҳакимов, ки дар доираи қонун ва бо риояти ҳамаи меъёрҳо аз норасоиҳо интиқод мекард, ҳамин ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран писанд наомад. Яъне, ҳукумат ба ҷое расидааст, ки дигар кӯчактарин интиқод аз ҷониби як мунтақидро қабул надорад. Чӣ бирасад, ба мухолифу дигар андешаҳои озодтаре, ки онҳо ҳам мехоҳанд, дар доираи қонун ислоҳоте, тағйироте шавад, онҳоро саркӯб мекунанд.”

Фарҳод Одинаев: “Дар Тоҷикистон як ҳукумати диктаторӣ аст, ки мехоҳад, на танқидро, балки фикр кардани як танқидро дар зеҳни ҷомеа аз байн бубарад. Чаро мисли Шокирҷон Ҳакимовҳо зиндон мешаванд? Ин ба хотири он нест, ки Шокирҷон Ҳакимов куҷое чӣ танқиде кардааст, чун Шокирҷон Ҳакимов 20 сол зиёд аст, ки ҳукуматро танқид мекунад, вале дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, ки мардум дар бораи камбудиҳои ҳукумат фикр кунанд, на ин ки дар ҷомеа онро матраҳ кунад ва ё дар расонаҳо дар ҷое бигӯянд. Ин ҳама барои тарс додани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст."

Зафари Сӯфӣ: “Маъмулан сиришти диктаторӣ ҳамин аст. Одамоне, ки ҷасуранд, нотарсанд ва эътимод ба нафс доранд, савод доранд, салоҳият доранд, зарфият доранд, онҳо ҳеч мавқеъ аз сари қудрат буданашон тарс надоранд ва аз мардумашон наметарсанд. Маъмулан диктаторҳо зодаи тарси фитрии худашон ҳастанд, инсонҳои тарсу маъмулан диктатор мешаванд. Ва ҳукумати тарсу аз як назар мехоҳад, ки дигаронро битарсонад ва тарсеро, ки дар ниҳоди худашон ҳаст, ҷуброн кунанд ва аз тарафи дигар барои ҷуброни тарси худашон мехоҳанд, қудратнамоӣ кунанд. Яъне, мо ҳарчӣ мехоҳем, мекунем. Дар кишваре, ки нафаре мисли Шокирҷон Ҳакимов ва ё масалан нависандае мисли Абдулқодири Рустам зиндонӣ мешаванд, ин ниҳояти тарси як ҳукумат аз мардум аст."

Фарҳод Одинаев: “Агар касе дар ҳукумат фикр кунад, ки бо ин корҳо, бо ин саркӯбҳо ва парвандаҳои сохта ва зиндон карданҳо метавонанд, умри ҳукумати худро дароз кунанд, ғалат мекунанд. Ин пайомади хеле бад дорад, ҷомеаи мо мисли як пуфаке ҳаст, ки ҳукумат онро дам мекунад ва он як рӯз мекафад. Вақте он кафид хеле паёмадҳояш бад аст. Мутаассифона, дар он ҳолат ҷомеаро контрол кардан хеле мушкил мешавад. Аз ин на фақат ҳукумат, балки мардум ва ҳама зарар мебинанд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Гапи озод: Паси боздошти Шокирҷон Ҳакимов чӣ ниҳон аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:32:32 0:00

Дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG