Test Video
Қатли сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, "одамкушӣ" таҳқиқот мешавад.
Имрӯз, сешанбе, 17 март нахустин иҷлосияи ҳайати нави Маҷлиси намояндагон баргузор мешавад. Дар ин ҳайати парлумон ягон вакили мухолиф намондааст.
Шокирҷон Ҳакимов аз Комиссияи марказии интихобот хостааст, натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 19-ро бекор карда, замони баргузории даври дувуми интихоботро мушаххас намояд.
Дар гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бардошти ӯ аз шеваи баргузории интихоботи парлумонӣ ва барномаи ояндаи ин ҳизб баррасӣ шуданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон феҳрасти номзадҳоеро, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботи Маҷлиси намояндагон пирӯз шудаанд, эълон кард.
Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, Абдуғаффор Раҳмонзода, номзад аз ҲХДТ ва шаҳрдори пешини Кӯлоб дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб - 37, аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештарро соҳиб шудааст.
Аксари коршиносон бар инанд, ки интихоботи соли 2015-и Тоҷикистон аз интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ин фарқро дошт, ки роҳи ояндаи ҳукумати кишварро намудор сохт.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон эълон кард, ки дар парлумони оянда соҳиби панҷ курсӣ хоҳад буд. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, ин ҳизб дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби 3 мандат шудааст.
Раиси ҲНИТ баъди шикасти ҳизбаш дар интихобот тарафдоронашро ба сабру тамкин хонд ва гуфт, онҳо барои барқарор кардани ҳаққи худ талош хоҳанд кард, вале дар чорчӯби қонун.
Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Тоҷикистон фарқи байни президент, ҳукумат, ҳизби ҳоким ва ниҳодҳои интихоботӣ зиёд маълум намешуд.
Аз парлумон берун мондани ҲНИТ як тафовути умдаи ин кишварро аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ аз байн бурд ва то ҷое нишонаҳои барномаи ояндаи ҳукуматро ошкор намуд.
Ёфтҳои бештар