Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ рӯшан шуд


Имрӯз, 24 март, дар шаҳри Бостони Олимпияи Юнон машъали бозиҳои олимпии Пекин рӯшан шуд.

Дар ин маросими ботантана ҳазорҳо нафар ширкат варзиданд. Дар маъбади Ҳера як хонуми ҳунарманди юнонӣ машъалро бо истифодаи оинаи параболашакл аз нурҳои офтоб шӯълавар карда, ба дасти таеквондочии юнонӣ Александрос Николайидис супурд.

Акнун машъал 20 кишвари 5 қораи дунё ё худ 137000 километрро дар тӯли 130 рӯз тай намуда, 8-уми август дар рӯзи ифтитоҳи расмии бозиҳои олимпӣ ба варзишгоҳи олимпии пойтахти Ҷумҳурии Чин ворид хоҳад шуд.

Сарфи назар аз ҳузури тақрибан як ҳазор афсари полис ҷонибдорони истиқлоли Тибет маросими шӯълавар гардонидани машъал дар Олимпияро халалдор намуда, кӯшиш карданд, паёми раиси кумитаи ташкилии бозиҳои олимпии Пекин Лю Квиро мутаваққиф гардонанд. Паноҳандагони тибетӣ ва тарафдорони онҳо намехоҳанд, ки машъали бозиҳои олимпӣ аз қаламрави Тибет убур намояд, зеро ба гуфти онҳо моҳи равон аснои таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои мардуми Тибет мақомоти Чин то 130 нафарро ба қатл расонданд.

Рӯзи якшанбе, 23 март, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге аз интихоби Пекин дифоъ намуда, иброз дошт, ки ниёзе барои бойкоти бозиҳои олимпии тобистони соли равон вуҷуд надорад. Рогге таъкид кард, ки аз нооромиҳои ахири Тибет Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташвиши амиқ дорад.

Ба ақидаи Рогге, Олимпиада дар Пекин ва ҳузури шумораи зиёди хабарнигорон боис хоҳад шуд, ки мақомоти Чин ба эҳтироми ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Аммо Дерзин Дорҷӣ, муовини раиси кумитаи донишҷӯёни ҷонибдори озодии Тибет мегӯяд, ҳукумати Чин бо дастони хунолуда ба Олимпия омадааст. Дорҷӣ мегӯяд, Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар рӯ ба рӯи сиёсатҳои тахрибкоронаи Чин дар Тибет хомӯширо ихтиёр намудааст.

Дар ин масъала мақомоти Чин мегӯянд, ки масири машъал ва машъалкашон муайян мебошанд.

XS
SM
MD
LG