Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хомушӣ дар қиболи тарҳи ҲНИТ


Мақомоти ҲНИТ бо гузашти бештар аз ду моҳ аз пешниҳоди тарҳи қонуни дин ба порлумон посухи мусбат ва ё манфии онро дарёфт накардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва намояндаи он дар порлумон, мегӯяд, ин тарҳи қонун ҳоло ба таври комил миёни вакилони Маҷлиси Намояндагон муҳокима нашудааст ва эҳтимол дар долонҳои ҳукуматӣ низ баҳси он идома дорад.

Муаллифони тарҳи қонуни дин аз Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, тарҳи онҳо тарҳи нахустин мебошад, ки барои муҳокима ба порлумон пешниҳод шудааст. Интизор меравад, тарҳи ҷадиди дигари қонуни дин, ки аз суи Раёсати умури дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳия шуда, ва ҳоло мавриди баррасии созмонҳои ҳуқуқи башар ва аққалиятҳои мазҳабии Тоҷикистон қарор дорад, барои муҳокима ба порлумон пешниҳод гардад.

Соҳибназарон мегӯянд, тарҳи қонуни дин, ки аз тарафи мақомоти расмӣ пешниҳод мешавад, барои чорумин бор тағийру иловаҳо мебинад ва борҳо мавриди накӯҳиши созмонҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ қарор гирифтааст. Аммо шумори онҳое ҳам, ки аз баъзе нукоти тарҳи Ҳизби наҳзати исломӣ чандон ризо набудаанд, кам нестанд. Идибек Зиёев, сардори раёсати дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, масалан, мегӯяд, ки тарҳи Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод мекунад, ки гусели зоирини Каъба аз тарафи ниҳодҳои динӣ сурат гирад. Вале оқои Зиёев иддао дорад, ки ин кор бояд ба дӯши идораҳои давлатӣ вогузошта шавад.

Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳам вакили мардумии Маҷлиси Намояндагон, умед дорад, ки дар сурати мухолифатҳои зиёди вакилон дар нисбати тарҳи Ҳизби наҳзат ҳам, баъзе аз нукоти он дар тарҳи алтернатвиии қонуни дин, ки ҳукумат пешниҳод хоҳад кард, ҷой хоҳанд гирифт.

Ба ҳар навъ, коршиносон қонуни феълии дин ва созмонҳои диниро аз беҳтарин намунаҳои қонуни дин ва созмонҳои динӣ дар минтақа медонанд ва мегӯянд, ки он барои фаъолияти озоди ақаллиятҳои мазҳабӣ дар кишвар шароити мусоид ва баробар фароҳам овардааст.

XS
SM
MD
LG