Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии банди тӯҳмату таҳқир дар кодекси ҷиноятӣ


Дар шаҳри Душанбе масоили ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмату таҳқир ва танҳо бар асоси кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ шудани парвандаҳои марбут ба ҳифзи шаъну эътибор баррасӣ шуд. Ҳадафи аслӣ аз баргузории нишаст ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба вуҷуди банди тӯҳмату таҳқир дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон будааст, ки садди рушди кори расонаҳои хабарӣ унвон мешавад.

Аз қабл интизор мерафт, ки иштирокдорони як нишасти байнулмилалии Душанбе бо номи «Ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмату таҳқир – як гоми муассир дар роҳи рушди ҷомеаи мардумсолорӣ» ба ду сангари ба ҳам мухолиф тақсим мешаванд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Намояндагони созмонҳои байнулмилалию ниҳодҳои журналистӣ дар ин нишаст иддао карданд, ки бандҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир ба сурати ҳатмӣ аз кодекси ҷиноии Тоҷикистон бояд бардошта шавад, аммо мақомоти давлатию ҳуқуқшиносони рӯ ба ҳукумат баръакс гуфтанд, ки ба хотири журналистони камшумори кишвар, лағви бандҳои мазкури кодекси ҷиноӣ нодуруст аст.

Шаҳло Акобирова, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии мавсум ба «Хома», яке аз масъулони ин нишасти байнулмилалӣ, гуфт, бинобар афзоиши мавориди суиистифода аз вуҷуди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тӯҳмату таҳқир, зарурати лағви бандҳои марбута дар кодекси ҷиноӣ ба миён омадааст.

Дар кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои бӯҳтон аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шуда, нафаре, ки дар таҳқири шахсият мутттаҳам дониста мешавад, бояд аз 200 то 500 маоши ҳадди ақалл ҷарима супорад ё ҳамон гуна аз ду то се сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Ва аммо Михаэл Унланд , мушовири намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе, мегӯяд, азбаски Тоҷикистон узви чандин созмонҳои байнулмилалист, бештари ин созмонҳо аз аъзои худ даъват мекунанд, бандҳои тӯҳмат ва таҳқирро аз Кодекси ҷиноӣ бардоранд ва ин бандҳо бар асоси Кодекси шаҳрвандӣ татбиқ гарданд.

Вале Абдуманнон Холиқов, вакили порлумони Тоҷикистон, бар ин андеша аст, ки тӯҳмату таҳқир дуруст ҷиноят шинохта мешавад ва барои лағви бандҳои мазкур дар кодекси ҷиноӣ ҳеҷ асоси воқеӣ ва ё зарурат ба миён наомадааст.

Ширкатдорони нишасти Душанбе танҳо дар ин андеша ҳамраъй буданд, ки дар Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи ҳифз намудани шаъну шараф ва дахлнопазириро ба шахсият дорад. Аммо ин ақида, ки бояд баҳсҳои марбут ба таҳқиру тӯҳмат танҳо тариқи мурофиаҳои шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд, ҳамоно дар миёни мақомоти Тоҷикистон ва ағлаби вакилони парлумон ҷонибдор пайдо накардааст.

XS
SM
MD
LG