Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори «Шоҳмансур»


Соҳибони 50 адад фурӯшгоҳи бозори «Шоҳмансур» бар асари оташсӯзӣ беш аз як миллион сомонӣ зарари молӣ дидаанд.

Як комиссиюни вижаи давлатӣ бо шумули додситонии ноҳияи Шоҳмансур, хадамоти оташнишонӣ, шаҳрдории пойтахт ва милиса ба таҳқиқи омилҳои сар задани оташсӯзӣ пардохтааст. Бар асоси фарзияи пешакии мақомот, оташсӯзӣ дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар маркази тиҷории «Наргис» рух додааст.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, соати наздик ба 6-и субҳи 10-уми октябр алангаи сусти оташро танҳо дар як дӯкони маркази тиҷории «Наргис» мушоҳида кардаанд, аммо ба сабаби дер расидани хадамоти оташнишонӣ ва беоб будани мошинҳо, домани оташ дар фурсати кӯтоҳ фарох шуда, як ҳазору 800 метри мукааб масоҳати бозору маркази тиҷорӣ ба коми оташ рафт.

Аксар аз мусоҳибони радиои Озодӣ таъкид мекарданд, ки молу колои фурӯшӣ ва мағозаҳои худро суғурта накарда ва ҳамакнун ҳеҷ ниҳоде хисороти расидаро ҷуброн нахоҳад кард:

«Мо тақрибан ҳеҷ борамона наҷот дода натавонистем. Дар ду дӯкони сӯхтаамон ҷамъан баробари 12 ҳазор доллар бор доштем, асосан телевизору DVD-ҳо ва дигар ашёи рӯзгор, шукри Худо, ки худамон сиҳат мондем...».

«Ана дар ҳамин ҷоҳое, ки пурра сӯхтанд, зиёда аз 300 нафар кор мекарданд, ҳама зарар диданд, худи ман ҳама борам, либосвории тобистонаю зимистона, ки ахиран аз Туркияву Қирғизистон оварда будем, талаф ёфт, зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ зиён дидам...»

«Ман зани танҳо, ҳамин бозор ягона воситаи рӯзгузаронӣ ва таъмини фарзандонам буд. Аз бонк пул гирифта будам, бор овардам барои фурӯш, саҳар биёям, бозор сӯхтааст, тиҷорати мо ҳам, акнун чи тавр он пули бонкро бармегардонам, ҳамааш дар гардиш буд...»

«Давлат ҳеҷ ҷойи кори дуруст бароямон таҳия намекунад, ки аз ҳамин бозор халос хӯрем, чанд бор бозори «Корвон»-ро сӯзонданд, акнун навбат ба мо расид?»

«Мо аз масъулини бозор ва давлат хоҳиш дорем, ки дар барӯарор кардани дӯконҳои мо кӯмак кунанд, минбаъд ҳадди ақалл барои як муддат моро аз пардохти андозҳо ва чекпулию мисли ин озод кунанд, то ки мо тиҷоратамонро тавонем барқарор созем...»

Оташсӯзии бозори «Шоҳмансур»-ро пас аз се соати сар заданаш наздик ба 150 оташнишон бо 13 адад машинаи обпош тавонистанд хомӯш кунанд, аммо соҳибкорони фурӯшгоҳ мегӯянд, агар хадамоти оташнишонӣ ба зудӣ ба маҳалли офат мерасиданд, мизони хисорот то чанд маротиб камтар мешуд:

Дар ҳамин ҳол Лутфулло Забиров, яке аз масъулони хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, гуфт, иддаоҳо дар мавриди машинаҳои беобу дер омадани оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса асос надоранд, гузашта аз ин, бозори «Шоҳмансур» ба сурате бино шудааст, ки ба меъёрҳои зиддиоташсӯзӣ хилофат дорад:

«Моро ҳамеша танқид мекунанд, аммо кори мо танҳо аз хомӯш кардани алангаи оташ иборат нест. Бояд дар назар дошт, ки ҳар як мошини мо то дуюним тонна об дорад, аммо дар давоми чил сония он тамом мешавад, зеро ҳарорати оташсӯзӣ бисёр баланд аст, оҳан месӯзад. Дурӯғ аст, ки мошинҳои мо об надоштанду дер омадем. Худи бозор гидрант надорад, тавре сохта шудааст, масъулини бозор растаҳоро худсарона танг кардаанд, барои гузаштани мошинҳои оташнишон ҷой намондааст, гидрантҳоро худсарона болопӯш кардаанд, мо об гирифта натавонистем...».

Вале Маҳмадраҷаб Холов, сарвари бозори «Шоҳмансур», дар навбати худ гуфт, фурӯшгоҳи мазкур дорои дастгоҳҳои оташнишонӣ ҳаст, аммо беэҳтиётии соҳибкорони маркази тиҷории «Наргис» ва то ним соат бо таъхир ҳозир шудани оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса боиси талаф ёфтани маркази тиҷорӣ, нуқтаҳои савдо ва ғизо дар қисмати ғарбии бозор гардид.

Оташсӯзӣ дар бозори «Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» ҳодисаи аввали тахриби бозору фурӯшгоҳҳо дар Душанбе нест.

Бори охир дар моҳи августи имсол дар бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» 60 контейнери коло ва ду анбори азим ба коми оташ рафта, масоҳати оташсӯзӣ ба ду ҳазору 100 метри мукааб расида буд.

Талафоти ҷонӣ он замон, мисоли оташсӯзии бозори «Шоҳмансур», набудааст. Камиссиюни махсус ба ҷунин хулоса расид, ки дар оташсӯзии бозори «Корвон» нафаре ва ё гурӯҳе боғараз даст дошта, то ба ҳол боздошт нашудааст. Аммо дар мавриди оташсӯзии бозори «Шоҳмансур» мақомот гуфтанд, ки иртиботи ин ҳодисаро бо рӯйдоди августии бозори «Корвон» наметавонанд тасдиқ ё такзиб кунанд ва ҳанӯз дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

XS
SM
MD
LG