Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солнома-2008: Дин дар Тоҷикистон


Эълони Соли Имоми Аъзам

Эълони соли 2009 ба унвони соли Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон аз ҳамин мазҳаб пайравӣ мекунанд, як таҳаввули муҳим дар равобити дину давлат дар соли 2008 арзёбӣ мешавад.

Ба назари таҳлилгарон, то кунун мақомоти Тоҷикистон ба унвони як давлати дунявӣ талош мекард, ки аз нуфузи Ислом ва намояндагони ин дин дар сатҳи сиёсӣ ҳаддалимкон ҷилавгирӣ кунад. Аммо фаъол шудани равияҳои тундгарои исломӣ давлатро водор кардааст, то рӯ ба тавсеъаи мазҳаби ҳанафӣ ва кӯмаки рӯҳониён орад. Ин ҳолро Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба унвони як кори мусбати ҳукумат арзёбӣ мекунад ва умед дорад, ки дар соли оянда равобити давлат бо дин зичтару нармтар мешавад.

Нигарониҳо аз салафиҳо

Ҳамчунин, имсол барои нахустин бор мақомоти Тоҷикистон эътироф кард, ки фаъолияти равияи Салафия ба зарари ҷомеъаи мусулмони кишвар аст. Дар охирин рӯзҳои соли 2008 мақомоти ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳам аз аҳзоби дигари сиёсӣ ва аҳли ҷомеъа даъват кард, то дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонуние чун Салафия, Ҳизбуттаҳрир, Аҳмадия ва Байъат бетараф набошанд. Давлаталӣ Давлатзода, муовини раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки раёсати онро президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, гуфт, ки ин равияҳо метавонанд ба амнияти давлату миллат хатар эҷод кунанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон аз ин ба баъд зуҳури ҳар гуна равияҳои мазҳабии хатарбор дар Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонанд. Ба назари онҳо, як манбаъи такмили ба истилоҳ “кадр”-ҳо барои гурӯҳҳои тундрав қишри камбизоати ҷомеъа ҳаст ва тундгароӣ одатан дар кишварҳое бештар нумӯъ мекунад, ки бахши аъзами мардумаш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Бино ба ҳисобҳо, феълан беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунад.

Соли монеъаҳои мазҳабӣ. Рӯсарӣ, масҷид....

Бо ин ҳол, бештари таҳлилгарон мегӯянд, фазо ва муҳити мазҳабии Тоҷикистон дар соли 2008 чандон сокит набуд. Имсол низ чун солҳои қаблӣ манъи намозгузорони наврас ба масоҷид, манъи пӯшиши исломӣ дар макотиб ва бозорҳо, бозрасии фаъолияти масоҷид ва рӯҳониёни мавъизагӯ аз мавзӯъоти мавриди баҳси диндорон бо давлат буд. Барои мисол, рӯҳонии маъруф, Эшони Нуриддин, барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуд. Аз ҷумла, барои даъватҳояш ба парҳез аз зинову шароб.

Имсол низ масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар навоҳии Душанбе дари бархе аз масоҷиди, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонуниро ба рӯйи намозгузорон бастанд. Масъулони бахши адён дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, чунин масоҷид дар маҳалҳои мухталифи Душанбе бидуни дарёфти муҷаввиз фаъолият мекунанд. Бо ишора ба ин нукта коршиносон ба духӯрагиҳои сиёсати давлат дар масъалаи дин таъкид мекунанд ва мегӯянд, давлати Тоҷикистон агар аз як сӯ талош мекунад, пуштибонии диндоронро ба даст биорад ва аз сӯйи дигар бо чунин амалкардҳояш миёни худу диндорон шикоф эҷод мекунад. Вале Сайид Аҳмадов, собиқ раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон, ба ин ақида розӣ нест ва ин сиёсатро дуруст ва самимӣ меномад.

Созмонҳои ғайриисломӣ

Масъулони бархе аз созмонҳои ғайриисломӣ мегӯянд, дар соли 2008 муносибати то ин вақт нарми мақомот бо онҳо низ тағйир кардааст. Моҳи апрели имсол мақомот нагузошт, ки як теъдоди бузурги адабиёти динии марбут ба як созмони баптистӣ ба кишвар ворид шавад. Мақомоти созмонҳои ғайриисломӣ мегӯянд, давлат воридоти адабиёти диниро шадидан контрол мекунад. Аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, тайи як нишасти хабарӣ дар шарҳи ин мушкил гуфта буд, ҳар як нусха китобе, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, бояд қаблан аз тарафи мутахассисон мавриди ташхис қарор гирад. Ин як вақти муайянро тақозо мекунад: на камтар аз як моҳ.

Имсол, ҳамчунин, додгоҳе дар Душанбе фаъолияти ОРА Интернешнл, як созмони хайрияи масеҳиро мутаваққиф кард. Вазорати адлия гуфт, ОРА Интернешнл ба ҳангоми тадриси забони англисӣ миёни навҷавонон “таблиғоти динӣ” анҷом додааст. Ҳамчунин, дар моҳи июн мақомот ба манзури эҷоди фазои бузургтаре барои сохтмони “Кохи Миллат” дар маркази Душанбе танҳо канисаи яҳудиёнро тахриб кард.

Тарҳи ҷадиди қонуни дин

Ин ҳама дар ҳолест, ки баъди ду соли баҳсу баррасӣ тарҳи ҷадиди қонуни дин ва созмонҳои динӣ аз тарафи ҳукумат низ ба порлумон ироъа шуд. Аксар намояндагони созмонҳои мухталифи мазҳабӣ аз он дар ҳаросанд, ки баробари тасвиби лоиҳаи қонуни дини ҳукумат аз сӯйи порлумон, бештар аз панҷоҳ дарсади ин созмонҳо ҳаққи фаъолият дар Тоҷикистонро аз даст медиҳанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ тарҳи алтернативии қонуни динро таҳия кардааст, вале баъид ба назар мерасад, ки ин тарҳ тавонад дар парлумон бо тарҳи пешниҳодкардаи давлат рақобат кунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҲНИ мегӯяд, тарҳи онон мавриди пуштибонии бештари созмонҳои мазҳабии мухталиф ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор гирифта буд, вале ба доираҳои давлатӣ хуш наомад ва ба ҳамин далел радд шуд.

Ба соли Имоми Аъзам бо ҷомадони пур аз мушкилоти динӣ

Бо ин ҳама, Тоҷикистон бо як ҷомадони пур аз мушкилот дар саҳнаи мазҳабиаш вориди соли нави милодӣ мешавад, ки умдатаринҳояш боз ҳам ихтилофоти фазояндаи назар байни рӯҳониёни суннатӣ ва пайравони ҷараёнҳои ҷадиде, чун салафия, масъалаи ҳиҷоб ва мониагузориҳо дар роҳи фаъолияти масоҷид ва маъвизагӯиҳои динист. Кишвар бо ин ҷомадони пур аз мушкилот вориди соле мешавад, ки интизор меравад, тарҳи ҷадиди қонуни дин ва Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин дар ҳамин соле, ки меояд, тасвиб шаванд. Ва ин солест, ки аз қабл соли Имоми Аъзам эълон шудааст ва ин нукта аз қабл диндоронро низ нисбат ба соли оянда хеле умедвор кардааст.
XS
SM
MD
LG