Дар айни замон, кӯдаконро ба хотири дастони хурду боназокат доштанашон дар баъзе кишварҳо барои корҳои хоҷагиву кишоварзӣ, дӯзандагиву бофандагӣ истифода мекунанд. Ба ин тартиб, 79 дар сади мавридҳои ғуломӣ марбут ба бизнеси фаҳшо ва 18 дар сад марбут ба кори иҷборӣ, издивоҷи маҷбурӣ ва ё тиҷорати аъзои бадан будааст. Антонио Мариа Коста мегӯяд, ки дар бештарин ҳолатҳо, занону духтарон ҳам қурбони қочоқбарон мешаванду ва ҳам дар тавсеаи ин бизнес иштирок мекунанд. Оқои Коста мегӯяд, ки бо вуҷуди хеле зиёд будани мавридҳои қочоқи инсон дар сартосари ҷаҳон, аз 155 кишвари таҳқиқшуда фақат 63-тоаш қонунҳои марбут ба муқобила бо қочоқи инсонро қабул кардаанд.
Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки аз соли 2004 бахши вижаи мубориза бо қочоқи инсонро дар назди Вазорати дохила таъсис дода, барои муқобила бо ингуна ҷурму ҷинояткорӣ дар қонун муҷозот пешбинӣ кардааст. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар тӯли чанд соли охир мубориза зидди қочоқи инсон афзоиш ёфта, омилони зиёди ин гуна ҷиноятҳо дар дохил ва хориҷи кишвар боздошт шудаанд.
Ҷулие Кваммен аз дафтари СММ оид ба қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноят дар Вена мегӯяд, дар Тоҷикистон қурбониҳои бештари қочоқбарҳо занҳо мешаванд. Дар сӯҳбат бо Ояндасоз ӯ рақам овард, ки, соли 2005 гузориш шудааст, ки 142 зан қурбони қочоқбарҳо шуданд.Соли 2006 - 70 зан ва шаш духтару шаш писар ба дасти ин гурӯҳҳо афтодаанд.
Хонум Кваммен гуфт, ҳамаи ин қурбониҳо аз кишварҳои Ховари Миёна баргардонида шуданд. Ӯ гуфт, нисбат ба ҳамаи онҳо сӯиистифодаи ҷинсӣ сурат гирифтааст.
Ин андешаро масъулини Созмони ҷаҳонии муҳоҷират низ таъйид карданд. Рустам Шарипов, корманди масъули Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, аксаран занҳоро барои истисмори шаҳвонӣ истифода мебаранд ва мардону иддае аз занони дигарро барои истисмори меҳнатӣҷ
Дар Тоҷикистон дар баробари созмонҳои давлативу байнулмилалӣ, инчунин, ташкилоти ҷамъиятӣ низ бо масъалаи кӯмак ба қурбониҳои қочоқи инсон машғул ҳастанд. Рафоат Бобоева аз созмони "Чашмаи ҳаёт", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, феълан, дар Тоҷикистон 16 созмони ҷамъиятӣ бо масъалаи пешгирӣ аз хариду фурӯши инсон кор мекунанд. "Чашмаи ҳаёт" дар як маркази вижаи офиятрасонӣ 57 тифли қурбони зӯроварию хушунат ва қочоқшударо сарпаноҳ додааст. Беш аз нисфи онҳо духтарҳо мебошанд.
Хонум Бобоева мегӯяд, ҳоло аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ низ мавридҳои қочоқи инсон афзоиш меёбад. Ӯ гуфт, афзоиши корҳои таблиғотии зиддиқочоқчиён дар ҷомеа боиси он шудааст, ки сатҳи огаҳии мардум дар ин масъала баландтар шудааст, аммо бештар дар шаҳрҳо, на дар деҳаҳо.
Рафоат Бобоева мегӯяд, қурбониҳои қочоқбарон занону мардони гуногунсол буда метавонанд, "ҳамаи онҳое, ки худро ҳимоят карда наметавонанд ва дар кишварҳои дигар ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд", мегӯяд ӯ. Ва дар миёни онҳо кӯдакону ҷавонони гумроҳ бештар назар ба афроди миёнасолу калонсол будааст.