Шӯҳрат Қудратов, вакили соҳиби бозори Зарнисор ба Радиои Озодӣ гуфт, тоҷирзанон ба он хотир гуруснаниширо бас карданд, ки мақомот ваъда додаанд, талабҳои онҳоро баррасӣ ва ба мушкилоти онҳо то рӯзи чаҳоршанбе расидагӣ мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов ҳамчунин гуфт, эътирозгарон дар азми худ собитанд ва дар сурати нодида гирифтани талабҳояшон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, соҳибкорон ба ҳукумати шаҳр огаҳинома дар бораи баргузории гирдиҳамоӣ дар рӯзи 24 май ирсол карданд:
«Ҳамчунин аз тарафи соҳибкорон ба мақомоти шаҳри Душанбе огаҳинома дар бораи гузаронидани гирдиҳамоӣ дар рӯзи 24 май ирсол дода шуд. Ҳамчунин аз тарафи соҳибмулкон, яъне Талбаковҳо ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори шаҳри Душанбе нома равона карда шуд ки он рӯзи сешанбе дар маҷлиси ҳукумати шаҳр баррасӣ шуда ва посухи он рӯзи чоршанбе дода хоҳад шуд. Ба ҳамин далел гуруснанишинон ба хулосае омаданд, ки эътисоби ғизоиро муваққатан то рӯзи чоршанбе қатъ намоянд. Вале агар масъала ба манфиати соҳибкорон ҳал нашавад ва талабҳои онҳо ба инобат гирифта нашавад, гуруснанишинӣ боз аз нав идома хоҳад ёфт.»
Камтар аз 50 нафар тоҷирони бозори «Зарнисор» аз субҳи 6-уми май ба нишони эътироз аз амри бастани бозор дар дохили ин бино даст ба гуруснанишинӣ зада буданд. Додгоҳи Душанбе амр додааст, то бозори мазкур баста шавад, зеро мухолиф ба меъёрҳои муқарраршуда сохта шудааст. Аммо ин бонувон мегӯянд, бастани бозор маънии маҳрум кардани онҳо аз як луқмаи нонро дорад. Рӯзи 7 май намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе барои музокирот бо занони эътирозгар ба бозори Зарнисор омаданд ва ваъда доданд, ки барои пайдо кардани ҷойи нави кор ба онҳо кӯмак мекунанд. Аз ҷумла, Абдуҳомид Шералиев, муовини раиси шаҳри Душанбе дар ин музокирот буд.
Аммо ҳама ваъдаҳои намояндагони шаҳрдорӣ он рӯз башиддат аз тарафи занони бахашмомада ва гирён рад шуд ва онҳо ба гуруснанишинии худ идома доданд.
Мавзӯъи бозори Зарнисор, дар чанд рӯзи ахир яке аз мавзӯъҳои аслии баҳс дар миёни мардум ва ҳамчунин маҳфилҳои ҳуқуқӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин хориҷ аз он ҳам шудааст. Гуруснанишинӣ ва эътироз падидаи нодир дар Тоҷикистон аст ва Сергей Романов, намояндаи Дафтари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ноумедии занон аз мақомоти расмӣ сабаб шудааст, то онҳо чунин шакли эътирозро пеш гиранд. Вай гуфт, мушкили даъвои тоҷирону соҳибони бозори Зарнисор бо мақомоти расмӣ бисёр печида аст ва бояд дар ин қазия бояд боэҳтиёту санҷида рафтор кунанд.
Ҳамингуна, рӯзи 10-уми май бозори Зарнисор баста буд ва дар он хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Аммо то чанд рӯзи дигар маълум хоҳад шуд, ки ин хомӯшӣ идома хоҳад кард, ва ё Зарнисор дигарбора ба маҳалли пурғавғо ва маҳалли кашмакашҳои тоҷиронзанон бо мақомоти расмӣ табдил хоҳад шуд.